Шиносоӣ бо раванди амалишавии пардохти ғайринақдӣ

 

Бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 таҳти рақами 586 “Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ”, ба тариқи ғайринақдӣ гузаштани пардохти маблағҳои хизматрасониҳо санаи 14 июли соли ҷорӣ дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ мутахассисони соҳа аз ҶСП “Пардохти ҳушманд” (Smartpay) даъват карда шуда, раванди амалишавии пардохти ғайринақдиро ба самъи кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар ноҳияҳои ш.Душанбе расониданд.

Дар чорабинӣ роҳбари татбиқи лоиҳаи “Пардохти ҳушманд” (Smartpay) Аъзам Дадабоев суханронӣ намуда, кори ин низомро шарҳ дод ва қайд намуд, ки барои гузаштан ба пардохти ғайринақдӣ тамоми шароитҳои заруриро дар ҳамкорӣ бо бонкҳо омода месозанд. Кормандони ниҳодҳои дахлдорро зарур аст, ки барои огоҳонидани шаҳрвандон корҳои тарғиботию ташвиқотиро ба роҳ монанд.

Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир зимни суханронии хеш зикр намуд, ки ҷиҳати вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, кормандоне, ки бо хизматрасониҳои соҳа сару кор доранд, ҳатман барномаи пардохти ғайринақдиро аз худ намуда, дар муддати кўтоҳтарин мавриди амал қарор диҳанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ мутахассисони соҳа ба саволҳои зиёди кормандон посухи қонеъкунанда доданд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки лоиҳаи мазкур дар наздиктарин вақт амалӣ карда шуда, дар беҳтар гардидани хизматрасониҳои давлатӣ мусоидат хоҳад намуд.