26 Апрел, 2024

Ба таври тантанавӣ супоридани шиноснома дар муассисаҳои таълимӣ

 

Имрўзҳо дар саросари ҷумҳурӣ, хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ чорабиниҳои тантанавӣ оид ба супоридани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони ба синни 16 расида баргузор намуда истодаанд.

Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар шаҳри Ваҳдат низ дар ин раванд, марҳила ба марҳила ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ва ҷамоатҳои он ташриф оварда, ба хатмкунандагон ва хонандагони ба синни 16 расида шиносномаро ба таври тантанавӣ месупоранд.

Чуноне, ки сардори ХШБ ШВКД дар шаҳри Ваҳдат подполковники милитсия Мансур Зокирзода иброз медорад, танҳо ҳафтаи сипаригардида онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1, 3 ва 12-и шаҳри Ваҳдат ба хонандагоне, ки ба синни 16 расидаанд, дастаҷамъона ва дар фазои тантанавӣ шиносномаҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон супориданд. Аллакай дар ин муддат ба 237 нафар хонанда шиноснома супорида шудааст. Имрўзҳо давраи ҳуҷҷатсупории довталабон ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои олию миёнаи махсуси дохил ва хориҷи кишвар оғоз ёфтааст, аз ин рў кормандон кўшиш мекунанд ба хатмкунандагон ва хонандагони ба синни 16-расида сари вақт шиноснома таҳия карда супоранд.

Дар баробари супоридани ин ҳуҷҷати муҳими тасдиқкунандаи шахсият кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ доир ба баланд бардоштани ҳисси ватандўстию меҳанпарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, дурӣ ҷўстан аз амалу кирдорҳои номатлуб, муносибати эҳтиёткорона доштан бо шиноснома корҳои фаҳмондадиҳию ташвиқотӣ мебаранд.

Х.Солиҳӣ, полковники милитсия