Ҳадаф – баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ дар самти шиноснома

 

Дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати мамлакат, пос доштани оромиву осиштагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ошкору пешгирии қонуншиканӣ мақсади асосӣ ва яке аз вазифаҳои ҷонии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба шумор рафта, кормандони ин ниҳод баҳри ҳарчи хубтар амалӣ гардонидани мақсадҳои дар наздашон гузошташуда вохӯриву суҳбатҳои судмандро байни аҳолӣ бештар ба роҳ мондаанд.

Дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД кормандони дастгоҳи марказии ин хадамот ва воҳидҳои поёнии он вобаста ба минтақаи хизматиашон пайваста дар маҳаллаву ҷамоатҳо бо аҳолӣ вохӯриҳо доир менамоянд.

Бо ин мақсад, ҳафтаи сипаригардида чунин як чорабинӣ бо иштироки сардори шуъбаи кор бо шиносномаи ХШБ полковники милитсия Манучеҳр Миршамсзода, сардори хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД-1 дар ноҳияи Сино подполковники милитсия Шамсиддинзода Сурайё, раисон ва сокинони маҳаллаҳои 1,2,3 ва 4-и Арбобхотун доир гардид.

Дар вохӯрии баргузоргардида масъулини бахши шиносномавию бақайдгирии ВКД оид ба саривақт гирифтану ба қайд гузоштани шиносномаи шаҳрвандӣ, тарзи ҳуҷҷатгузорӣ ва ворид гардидани сабукиҳо дар ин самт, инчунин оид ба шиносномаҳои гумшудаву корношоямгардида ва тарзи ҳуҷҷатгузории онҳо суханронӣ намуда қайд гардид, ки шиносномаи шаҳрвандӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аллакай ба синни 16 расидаанд, ҳуҷҷати аввалиндараҷаи тасдиқкунандаи шахсияти ӯ ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз шумоҳо, ки масъулу намояндаи сокинон дар маҳаллаҳо ҳастед бештар миёни мардум дар ин самт корбарӣ намоед ва мо аз ҷониби худ дар доираи қонунгузорӣ барои ҳамаҷониба дастгирӣ намудан омода ҳастем.

Инчунин раиси маҳаллаи Арбобхотун – 2 Табаралӣ Восидов аз дастгириҳои хададмоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД-1 дар ноҳияи Сино сипосу миннатдорӣ намуда қайд кард, ки дар маҳаллаҳои номбаршуда зиёда аз 4500 нафар шаҳрвандон истиқомат доранд ва ҳар шаҳрванде, ки вобаста ба самти шиноснома ба масъулини бахш муроҷиат намудааст онҳо ҳамеша кумаки худро дареғ надошта дастгирӣ намудаанд.

Сардори шуъбаи кор бо шиносномаи ХШБ ВКД полковники милитсия Манучеҳр Миршамсзода қайд кард, ки мақсад аз вохӯрии имрӯза ҳам баҳри ҳамаҷониба мусоидат ва осон намудани мушкилии пешомадаи шаҳрвандон мебошад.

Дар интиҳо намояндагони маҳаллаҳо вобаста ба мавзӯъҳои матраҳгардида саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххасу қонеъкунанда гирифтанд.

Р. ИЛЁСОВ