23 Ноябр, 2024

Принсипҳои фаъолияти Комиссияи байниидоравӣ назди Вазорати корҳои дохилӣ оид ба додани мақоми гуреза

Проблемаи глобалии гурезаҳо ва шахсони дар дохили кишвар кӯчонидашуда, – яке аз масъалаҳои мураккабтарини дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарордошта мебошад. Ин масъала дар Созмони Милали Муттаҳид, ки ҷустуҷӯ намудани воситаҳои самараноктари ҳифзи гурӯҳҳои хеле осебпазири аҳолӣ ва ба онҳо расонидани кӯмакро идома медиҳад, мавриди баррасии фаъолона қарор дорад.

Дар доираи мубоњисаҳои ҷараёндошта як қатор омилҳо бешубҳаанд. Аввалааш аз он иборат аст, ки гарчанде баъзе кучониданҳои оммавии аҳолиро пешгирӣ кардан мумкин аст, ягонтои онҳо ихтиёрӣ намебошанд. Ҳеҷ кас намехоҳад ва кӯшиш намекунад, ки гуреза бошад. Гуреза будан – дар кишвари бегона будан осон нест. Ин дар ғарибӣ ҳаёт ба сар бурдан ва аз дигарон дар таъмини худ бо чунин ашёҳои зарурати аввала, ба монанди озуқа, либос ва манзил вобаста будан аст.

Гурезањо аз ҳуқуқҳое бархӯрдоранд, ки бояд чи пеш аз муроҷиати онҳо барои пешнињод намудани паноҳгоҳ ва чи дар давраи баррасии дархостҳояшон ва баъди қонеъ гардонидани онҳо риоя карда шаванд. Эҳтироми ҳуқуқҳои инсон ҳам шарти зарурии пешгирӣ намудани ҷараёни имрӯзаи гурезаҳо ва ҳам ҳалли проблемаҳои ба он вобастабуда мебошад. Ба ақидаи Комиссариати Олии Созмони Милали Муттањид оид ба гурезаҳо «муносибат ба проблемаи гурезаҳо бояд санҷиши ҷонибдории ҳама ҳукуматҳо ва халқҳо дар амри ҳифзи ҳуқуқи башар бошад».

Раёсати Комиссариати Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо яке аз аввалин сохторҳои СММ буд ба Тоҷикистон Намояндагии худро равон карда буд ва он дар ҳамкории зич бо Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро оғоз намуда буд. Чумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо дар байни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шуда Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми гурезаҳо аз соли 1951 ва Протоколи соли 1967 марбут ба гурезаҳоро 21 июли соли 1994 эътироф намуд ва бо ҳамин ӯҳдадории дар қаламрави худ ба гурезаҳои аз кишварҳои дигар ворид шуда ҳимоя доданро ба зимма гирифт.

Солҳои 1996-2000 шумораи гурезагони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон паноҳгоҳ ёфта доимо зиёд аз 5000 нафарро ташкил медод. То соли 2006 шумораи гурезагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1500-2000 нафар кам шуда буд. Аммо ҳоло бошад шумораи гурезагон ва паноҳҷӯяндагон дар Тоҷикистон 2437 нафарро ташкил медиҳад.

Дар баробари зери ҳимоя қабул намудани гурезагон асосҳои ҳуқуқӣ, расмиёти ба вазъи гуреза ворид кардани паноҳҷӯяндаи дархосткунанда, мақомот оид дастгирии иҷтимоӣ ва ҳуқуқии онҳо таъсис ёфта ҳоло ташаккул дода мешаванд.

Консепсияи муосири ҳимояи байналмилалӣ тадриҷан тағйир ёфт ва ҳоло як қатор механизмҳои институтсионалӣ ва ҳуқуқиро пешбинӣ менамояд. Ҳимояи гурезаҳо ва ҷустуҷӯи вариантҳои дарозмӯҳлати ҳалли ин проблемаҳо – инанд ду вазифаи асосии Раёсати Комиссари олӣ оид ба гурезаҳо ва кишварҳои аъзои ин Конвенсия.

Аз нигоҳи амалӣ вазифаи таъмини ҳимояи байналмилалӣ аз инњҳ иборат аст – роҳ надодан ба бозгардонии маҷбурӣ, расонидани кӯмак дар баррасии дархостҳои шахсони паноҳгоҳҷӯянда, пешниҳод намудани маслиҳат ва кӯмакҳои ҳуқуқӣ, мусоидат намудан дар андешидани тадбирҳо ҷиҳати таъмини амнияти ҷисмонии гурезаҳо, мусоидат намудан ба бозгашти ихтиёрӣ ва расонидани кӯмаки дахлдор; инчунин расонидани кӯмак ба гурезаҳо ҳангоми кӯчидан.

Ҳамин тариқ, вазифаи ҳимояи байналмилалӣ заминаи ҳуқуқӣ дорад ва Комиссари олӣ бо кишварҳои аъзои Конвенсия ӯҳдадор аст онро таъмин намояд. Ҳуқуқи истифода бурдан аз ҳимоя, гарчанде он ҳамчун ҳуқуқи алоҳида муайян нашудааст, дар Конвенсияи соли 1951 ва муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар принсипи манъи бозгардонии маҷбурӣ дар назар дошта мешавад.

Ғайр аз ин, ҳуқуқҳои аз ҷониби умум эътирофгардидаи инсон бевосита ба гурезаҳо дахл доранд. Ба онҳо ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳимоя аз шиканҷа ва муносибати бад, ҳуқуқ ба шаҳрвандӣ, ҳуқуқ ба озодии ҳаракат, ҳуқуқи тарк намудани ҳама гуна кишвар, аз ҷумла кишвари худ ва бозгаштан ба кишвари худ, ҳуқуқи таҳти бозгардонии маҷбурӣ қарор дода нашудан марбутанд.

Ин ҳуқуқҳоо дар қатори дигар ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нисбати ҳама шахсон, чи шаҳрвандон ва чи ғайри шаҳрвандон дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки дар якҷоягӣ Ҳуҷҷати байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи башарро ташкил медиҳанд, зикр шудаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор бо шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо ба зиммаи Вазорати корҳои дохилӣ вогузор карда шудаст. Дар назди вазорат Комиссияи доимоамалкунанда оид ба додани мақоми гуреза таъсис дода шуд. Комиссияи мазкур аз намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иборат аст. Ҷаласаҳои Комиссия 1 маротиба дар як моҳ баргузор мегардад.

Ҳама қазияҳои шахсони паноҳҷӯянда воқеъбинона баррасӣ ва нисбати онҳо дар якҷоягӣ қарори дахлдор қабул карда мешавад ва гурезаҳо мутобиқи қонунгузории миллӣ дар шаҳру ноҳияҳо ҷойгир карда мешаванд.