23 Ноябр, 2024

Ба истифодадиҳии бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар шаҳри Панҷакент

Бо мақсади хубу босифат анҷом додани хизматрасониҳо дар самти дастрасии ша ҳрвандон ба гирифтани шиноснома бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Шуъбаи ВКД дар шаҳри Панҷакент  ба истифода дода шуд. Маросими ба истифодадиҳии бинои маъмурӣ бо иштироки сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич ва раиси шаҳри Панҷакент Шафеиён Ислом Зиёзода сурат гирифт.

Иншооти мазкур, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент сохта шуда аз 4 ҳуҷраи корӣ, 1 ҳуҷраи бойгонӣ, 2 толори васеъ ва барҳаво барои интизории шаҳрвандон, ҳуҷраи хизматрасонӣ ва даромадгоҳ иборат мебошад.

Бинои нав, ки дар шафати бинои асосии ШВКД ҷойгир аст мутобиқи талаботи замони муосир сохта шуда, бо тамоми таҷҳизоти техникӣ, мебелу ашёҳои лозима муҷаҳҳаз буда, барои саривақт ва бе мушкилӣ қабулу баррасии муроҷиати шаҳрвандони шаҳри Панҷакенти бостонӣ шароит фароҳам меоварад.

Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд А. Навҷувонов ва раиси шаҳри Панҷакент Шафеиён И.З. баъди боздид аз утоқҳои корӣ ва шиносоӣ аз шароити фароҳамгардида ба корҳои сохтумонии анҷом ёфта баҳои муносиб доданд.

Зимни суҳбат бо ҳайати шахсии Шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Панҷакент аз ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кормандони милитсия ёдовари шуда, ифтитоҳи бинои навбунёдро туҳфаи арзанда арзёби карданд. Таъкид гардид, ки дар ҷавоб ба чунин дастгириҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирииро зарур аст сифати хизматрасонӣ ба аҳолиро хубтару беҳтар ба роҳ монда, дар ҳамагуна ҳолат барои хизмат ба мардум омода бошанд.