11 феврали соли 2020 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба омӯзиши ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии лоиҳаҳои созишномаҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар соҳаи муҳоҷират баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагони вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзидаанд.
Аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ Сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ, полковники милитсия Носиров Анвар ва муовини Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД, полковники милитсия Зумрад Абдуллозода иштирок кардаанд.
Иштирокчиёни ҷаласа вобаста ба натиҷаи омӯзиши ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии татбиқи Созишномаҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россиия дар самти муҳоҷират ибрози ақида намудаанд.
Дар иртибот ба масъалаи рӯзнома муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, роҳбари Гурӯҳи корӣ қайд намуд, ки мақсад аз таъсис додани Гурӯҳи кории байниидоравӣ – ин муайян намудани мавқеи ҷониби Тоҷикистон вобаста ба лоиҳаҳои Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба реадмиссия ва Шартномаи байни Федератсия Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва дар муҳлати кутоҳтарин таклифу пешниҳодҳоро асоснок карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ хоҳад кард.
Дар фарҷоми ҷаласа ба вазорату идораҳо оид ба пешгӯи кардани оқибатҳои эҳтимолии татбиқи Созишномаҳо супоришҳои дақиқ дода шуд.
Гузаронидани ҷаласаи навбатӣ оид ба ин масъала 18 феврали соли 2020 пешбинӣ карда шудааст.