Ман дар давоми 10 рӯзи сафарам дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар штати Калифорнияи ин кишвар доир гашт, бо кору фаъолияти мақомоти қудратиаш ошно гаштам. Мавзӯи меҳварии семинаре, ки дар чанд штати Амрико баргузор шуд, фаъолияти занон дар мақомоти қудратӣ, яъне дар сафҳои политсия буд.
Аз ҳама нуқтаи муҳиме, ки дар он нишастҳои корӣ ба баррасӣ гирифта мешуд, ҳамин буд, ки занон дар кордониву корбарӣ ва фаъолияти ҷиддӣ аз мардҳо камӣ надоранд. Ва дар Амрико теъдоди занони милиса хеле ва хеле зиёд аст.
Чизи дигаре, ки таваҷҷӯҳи маро дар ҳамаи як штати Амрико ба худ ҷалб кард, ҳамин буд, ки кормандони мақомоти қудратӣ бо тамоми шароити корӣ ва васоили техникӣ таъминанд, бо баробари расидани хабари фаврӣ дар зудтарин фурсат ба ҷои ҳодиса ҳозир мешаванд.
Азбаски шароиту таҷҳизоти кории замонавии хубро дар даст доранд, сатҳи кушодани ҷиноятҳо хеле баланд аст.
Дар шароити имрӯза, ки туфони ҳаводиси номатлуб ба монанди терроризм ва экстремизм ба тамоми кишварҳои дунё таҳдид мекунад, политсияи Амрико аз ҳама ҷиҳат омодаи мубориза ба чунин падидаҳои номатлуб ва хатарнок аст.
Вале ман зимни мушоҳидаҳоям чунин хулоса кардам, ки донишҳои касбӣ ва ҳуқуқии политсияи Амрико чандон баланд нест. Дар муқоиса бо сатҳи дониши мо поёнтар аст, вале аз ҷиҳати омодагӣ ва фаврият аз мо фарқ мекунанд, зеро навтарин таҷҳизот, техника ва васоили алоқаву нақлиётро дар даст доранд ва бо маоши хубу шароити беҳтарини зиндагӣ таъминанд.
Ман то андозае бо шароити будубош ва зиндагии заноне, ки дар сафҳои политсия фаъолият доранд, шинос шудам. Барои онҳо беҳтарин шароити зиндагӣ, истироҳат ва кор фароҳам оварда шудааст.
Ин аст, ки бо тамоми ҳастӣ онҳо машғули коранд. Ва қариб, ки тамоман ҳолатҳои коррупсия ё ришвахӯрӣ дида намешавад.
Бузургворе гуфтааст:
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,
Меҳри онро дар дилаш андохтаанд.
Ману даҳҳо занони ҳамкори ман ба ин кору касби худ дилбастагӣ дорем ва ифтихор дорем, ки дар ҳифзи қонун ва ҳуқуқи ҳамватанонамон камар бастаем.
Мо сарбаланд аз онем, ки дар баробари ҳамсар, модар, хоҳар будан инчунин китф ба китфи мардони ватандорамон истода, сулҳу амнияти кишвар ва хоби роҳати тифлаконамонро ҳифз менамоем ва таманно дорем, ки ин сулҳу осоиш ҳамеша пойдор бошад!
Ҳабибова Г.