30 Апрел, 2024

Бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД

  Бо дастгирии ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти корҳои дохилӣ низ чун дигар мақомоту соҳаҳои кишвар ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст.
  Таҳти сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишу заҳматҳои пайвастаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД низ миёни дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ба як қатор дастовардҳои муҳим сазовор шудааст.


  Дар ин замина қайд кардан зарур аст, ки Бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ яке аз воҳидҳои таркибии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ маҳсуб ёфта, ба зиммаи роҳбарият ва ҳайати шахсии он вазифаҳои басо муҳиму пурмасъул вогузор гардидаанд. Роҳбарият ва ҳайати шахсии Бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ бо мақсади ба танзим даровардани самти фаъолияти хизматии ниҳод ва баланд бардоштани самаранокии имкониятҳои он дар тақвият додани тартиботи ҳуқуқӣ, тибқи талаботи қисми 2-и моддаи 22-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳти №506 аз 26-уми марти соли 2009, дар асоси банди 12-и «Низомномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин Дастурамал оид ба корҳои суроғавӣ-маълумотдиҳии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
  Мутобиқи қонунгузории ҷорӣ вазифаи амалӣ намудани корҳои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ ба зиммаи кормандони Бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД вогузор карда шудааст.


  Инчунин, воҳидҳои зертобеи Бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ дар Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон, Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият доранд.
  Имрӯз кормандони Бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ амалӣ намудани баргадони (картотекаи) алифбои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ, ки аз варақаҳои омад ва баромади истиқоматкунандагони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва умуман, аз тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ирсол мегарданд, инчунин варақаҳои ҷустуҷӯии маҳаллӣ ва байнидавлатиро ба уҳда доранд.
  Ҳамчунин, Бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ фаъолияти худро самаранок ба роҳ монда, бо сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, корхонаву идораҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ҳамкории зич дорад. Дар баробари ин, кормандон ба муроҷиатҳои шаҳрвандон сари вақт ҷавоб гуфта, ба дархостҳои онҳо ҷиҳати гирифтани маълумоти суроғаи зисти худ ва шахсони ба онҳо наздик маълумотнома дода мешавад.


  Ҳайати шахсии Бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ пайваста маълумотҳои аз бахшҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ воридгардидаро сари вақт ба компютерҳои бақайдгирӣ ворид намуда, варақаҳои суроғавӣ ва ҷустуҷӯиро дар дастгоҳҳои баргадонӣ ҷобаҷо менамоянд, то ки ҳангоми корбарӣ бе ягон мамониат ба дархостҳои хаттӣ ва телефонии муроҷиаткунандагон дар кутоҳтарин фурсат маълумоти дуруст пешниҳод намоянд.
  Бояд қайд кард, ки мувофиқи Дастурамал оид ба корҳои суроғавӣ-маълумотдиҳии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД, ҳангоми шаҳрвандро ба қайд гирифтан ё аз қайд баровардан дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии раёсату шуъбаҳои ВКД дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, варақаҳои омад ва баромад тартиб дода мешаванд.
  Варақаҳои суроғавии омад ва баромад бо хати чопӣ, хоно ва фаҳмо пур карда шуда, дар он ҳамаи маълумотҳои зарурӣ, аз қабили ному насаби пурраи шаҳрванд, сана ва ҷойи таваллуд, миллат, ҷинс, ҷойи истиқомат, ба кадом суроға рафтан ва ё аз кадом суроға омадани шаҳрванд, инчунин дар ҳолати иваз намудани ному насаб қайд кардани он, омода карда мешавад.


  Ҳамчунин, пас аз тартиб додани варақаҳои бақайдгирӣ, масъулини бахшҳои шиносномавию бақайдгирии шаҳрӣ на дертар аз рӯзи барасмиятдарорӣ ва аз ҷониби бахшҳои шиносномавию бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ на камтар аз ду маротиба дар як ҳафта маводҳои бақайдгириву азқайдбарории худро бо мактуби намунаи шакли №1 ба Бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ ирсол менамоянд.
  Қайд намудан зарур аст, ки бо дастгириҳои бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва кӯшишҳои пайвастаи роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД, имрӯз Бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ дар баробари ободу зебо гардидан, инчунин бо таҷҳизотҳои муосири корбарӣ таъмин гардидааст, ки барои пешбурди самти фаъолият нақши муҳим бозида, дар кори шабонарӯзии кормандон дучанд сабукӣ меоварад.


Дар баробари ҳамаи ин дастовардҳо, ҳамчунин баҳри боз ҳам самаранок гардонидани самти фаъолияти хизматии кормандони Бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ ва воҳидҳои поёнии он дар вилоятҳо, барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон, сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, ташкилоту муассисаҳое, ки бо дархост муроҷиат менамоянд, Бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ фаъолияти коргузории худро тавассути дастгоҳҳои нави системаи автоматикунонӣ ба роҳ мондааст.


Амалӣ намудани фаъолияти коргузорӣ тавассути дастгоҳҳои нави системаи автоматикунонӣ дар се марҳила ба назар гирифта шуда, имрӯз марҳилаи якуми он оғоз гардидааст, ки айни ҳол кормандон тавассути ин гуна система корро ба роҳ монда, воҳидҳои поёнии он дар вилоятҳо бошад, рӯзҳои наздик ба ин система пайваст хоҳанд гардид.
  Мақсад аз гузаштан ба системаи автоматикунонӣ, пеш аз ҳама, мутамарказонидани ҳуҷҷатҳои воридгардида, ба таври автоматӣ бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ ва коркард намудани маълумотҳо дар раванди бақайдгирии шаҳрвандон буда, дар содда гардидани ҳамкориҳои иттилоотии воҳидҳои сохтории Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД нақши муҳим мебозад.


  Бо боварӣ метавон гуфт, ки дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат ва ҷаҳду талошҳои Вазири корҳои дохилӣ мавқеи ин ниҳоди муҳимми барои ҷомеа зарурӣ дар оянда низ боз ҳам мустаҳкам мегардад.