23 Ноябр, 2024

Муҳокимаи лоиҳаи Созишномаи қолабӣ оид ба реадмиссия бо мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо

Рӯзи 20-уми августи соли 2019 дар доираи ҳамкориҳо байни мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҳайати намояндагони Олмон таҳти роҳбарии ҷаноби Волфганг Хаммер – сардори шуъбаи баргардонидани шахсон оид ба Аврупо ва Осиёи Вазорати федеролии корҳои дохилии Олмон ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар гурӯҳи корӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини сардори Хадамоти шиноснмавию бақайдгирии ВКД, полковники милитсия Зумрад Абдуллозода,, сардори Раёсати шартномавӣ-ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода Аслиддин Давлаталӣ, сардори шуъбаи байналмилалии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Наврӯз, муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Толибҷон Ҳалимович ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо лоиҳаи Тавоқуфномаро байни Вазорати федеролии корҳои дохилӣ, сохтмон ва тараққиёти маҷмааи кишвари Олмон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бозпасгардонӣ (реадмиссия) баррасӣ намуданд. 
Вобаста ба мавзӯи мазкур тарафҳо ба мувофиқа омада, изҳор намуданд, ки баъди омӯзиши навбатӣ лоиҳаи Тавоқуфнома дар ҳарду кишвар бори дигар баррасӣ гардида, барои барасмият даровардан ба сохторҳои лозима пешниҳод карда мешавад.