23 Ноябр, 2024

Чаласаи селекторӣ доир ба натиҷаи фаъолияти хизматии ХШБ ВКД ҶТ

Рӯзи 16-уми июли соли 2019 дар толори калони Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷаласаи селекторӣ-хизматӣ доир ба натиҷаи фаъолияти хизматӣ ва риояи қонуният дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва воҳидҳои зертобеи он дар 6 моҳи соли 2019 баргузор гардид.

Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. дар ҷараёни ҷаласаи селекторӣ-хизматӣ баромад намуда, қайд кард, ки кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва воҳидҳои зертобеи он дар самти фаъолият камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, қонуният, интизоми хизматӣ, муомилаю муоширати хуб бо шаҳрвандонро қатъиян риоя намоянд.

Дар рафти ҷаласа сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир доир ба натиҷаи фаъолияти хизматӣ ва риояи қонуният дар Хадамоти мазкур ва ҷузъу томҳои он муфассал баромад намуда, зикр кард, ки дар давоми шаш моҳи сипаригардидаи соли ҷорӣ бо супориши Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро фаъолияти тамоми воҳидҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғд, шаҳри Душанбе, минтақа ва ноҳияи Рашт, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мавриди санҷиш қарор гирифта, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, чораҳои зарурӣ андешида шуд.