23 Ноябр, 2024

Ҷаласаи навбатии Шӯрои Вазирони корҳои дохилии давлатҳо-иштирокчёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Рӯзи 31-уми майи соли 2019 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо – иштирокчиёни аъзои ИДМ баргузор гардид.
Дирӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои иштирок дар ҷаласаи мазкур ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуд. 

Дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои мазкур дурнамои ҳамкориҳои афзалиятноки Вазоратҳои корҳои дохилии ИДМ, амалӣ намудани барномаҳои байнидавлатии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, инчунин як қатор масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) давлатҳо – иштирокчиёни аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин Консепсияи ҳамкориҳои Вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар давраи то соли 2030, ки бо ташаббуси Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ пешниҳод гардид, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Инчунин лоиҳаи Созишнома оид ба ҳамкориҳои давлатҳо- иштирокчиёни аъзои ИДМ вобаста ба масъалаҳои барасмиятдарории шаҳодатномаи бозгардонидани шахсоне, ки бояд маҷбуран хориҷ карда шаванд, муҳокима гардида, дар ин радиф як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардид.

Ҳамон рӯз вохӯрии Сардори ХШБ ВКД ҶТ, полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир бо Сардори сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷират ва шаҳрвандии ВКД Ҷумҳурии Узбекистон, полковник Шариксиев Бадриддин Усманович баргузор гардид. Дар вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар самти пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.