Рӯзи 26-уми марти соли 2019 муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, роҳбарияти раёсатҳои дастгоҳи марказии ВКД ва котиби дуюми шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷӣ Муродбек Асламзода бо директори фарогирии глобалӣ ва дастгирии минтақавии Котиботи генералии Интерпол Рорейма Андрианӣ ва ҳайати гурӯҳи кории он вохӯрӣ намуданд.
Аз ҷониби ХШБ ВКД ҶТ муовини Сардори ХШБ ВКД ҶТ, полковники милитсия Зумрад Абдуллозода дар ҷаласаи гуруҳи корӣ иштирок намуд.
Икром Умарзода меҳмононро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саъю кӯшишҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи созишномаву санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба имзо расидаанд, рӯз то рӯз ҳамкориҳои судманди Бюрои марказии миллии Интерполи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо Котиботи генералии Интерпол қавитар мегардад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои судманди дуҷониба, ошкору пешгирии ҷиноятҳо, дастгиру безараргардонии ташкилоту гурӯҳҳои хусусияти террористиву эктремистидошта, мубодилаи иттилоот, боздошти ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта, инчунин ҷиҳозонидани сохторҳо бо техникаву таҷҳизоти муосири корбарӣ ибрози андеша намуданд.