22 Ноябр, 2024

Омӯзиши масъалаи кам кардани бешаҳрвандӣ дар Молдова

 

Бо мақсади шиносоӣ аз таҷрибаи корӣ дар самти кам кардани сатҳи бешаҳрвандӣ ҳайати гурӯҳ, аз ҳисоби намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои корҳои дохилӣ ва адлияи ҷумҳурӣ, инчунин Намояндагии Комиссариати Олии СММ оид ба гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 7-10 октябри соли 2024 дар шаҳри Кишинёви Ҷумҳурии Молдова бо сафари хизматӣ қарор доштанд.

Дар ҳайати гурӯҳ ҳамчунин ду нафар кормандони ботаҷрибаи Хадамоти шиносносмавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ – муовини сардори шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳо подполковники милитсия Комил Раҷабзода ва сардори шуъбача оид ба масъалаҳои шаҳрвандии шуъбаи мазкур подполковники милитсия Саидхуҷа Давлатзода ширкат доштанд.

Зимни сафари хизматӣ ҳайати гурӯҳ бо роҳбари Агентии оид ба гурезаҳои СММ дар Ҷумҳурии Молдова, кормандони минтақавии РКО оид ба кор бо гурезаҳоии СММ, директори иҷроияи маркази ёрии ҳуқуқӣ ва мурофиаҳои судии шахсони бешаҳрванд ва дигар шахсони расмӣ вохӯриҳо анҷом доданд.

Ҳамчунин, зимни ташриф ҳайати гурӯҳ бо санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Молдова дар самти бешаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳо, чораҳои пешгиркунандаи бешаҳрвандӣ дар Молдова, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони бешаҳрванд ва аризадиҳандагон оид ба гирифтани мақоми бешаҳрвандӣ, ҳуҷҷатгузории шахсони бешаҳрванд, шарҳи реҷаи бешаҳрвандӣ дар Молдова шинос гардида, аз фаъолияти РКО СММ оид ба гурезаҳо дар Молдова, Маркази нигоҳдории муваққатии хориҷиён, Агентии хизматрасонии ҷамъиятӣ (бақайдгирии сабти таваллуд, додани шаҳодатномаи таваллуд, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва шиноснома (пардохтҳо, муҳлати тайёршавӣ, талаботҳо), Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Молдова ва Шӯрои миллӣ оид ба ёрии ҳуқуқӣ, кафолтаҳои давлатӣ дидан намуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар шаҳри Кишинев 4 нуқтаи Агентии хизматрасонии ҷамъиятӣ бо барномаи махсуси марказонидашуда фаъолият дошта, дар он манбаи ягонаи иттилоотӣ мавҷуд аст, ки он аз лаҳзаи таваллуди кӯдак аз беморхона маълумот ба марказ ворид гардида, то лаҳзаи гирифтани шаҳодатномаи таваллуд, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, шиноснома, бастани ақди никоҳ ва гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ маълумотҳои лозимаро бо тараиқи автоматӣ дар худ нигоҳ медорад. Ин тарзи корбарӣ барои сари вақт ва бехато дастрас намудани ҳуҷҷатҳо муфид мебошанд.

Ҳамзамон дар вақти вохӯрӣ бо кормандони Нозироти генералии муҳоҷирати Ҷумҳурии Молдова тарзи қабули шахсони паноҳҷӯянда, гуреза, шахсони таҳти ҳимояи муваққатӣ қарордошта, шахсони таҳти ҳимояи гуманитарӣ, шахсони бешаҳрванд, тайёр намудани ҳуҷҷатҳои онҳо, тарзи қабул,  корбарӣ ва гирифтани суҳбатҳои инфиродӣ (интервю) дар ҳуҷраҳои махсусгардонидашуда шинос шуда, бо кормандони онҳо оид ба фаъолияти корӣ суҳбатҳо анҷом дода шуданд.

Х. Солиҳӣ