Ҳар як сайёҳе, ки ба Тоҷикистон меояд, аз ширкати Tcell барои 10 рӯз SIM-корти сайёҳии ройгон мегирад.
Ҳамаи сайёҳоне, ки аз таърихи 15-уми июн ба кишвар меоянд, акнун аз ширкати Tcell бе бақайдгирӣ ба мӯҳлати 10 рӯз SIM-корт мегиранд. Чунин созишнома аз ҷониби милитсияи сайёҳии Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оператори телекоммуникатсионии Tcell ба даст оварда шуд.
SIM-корт ба ҳамаи сайёҳони болиғ дар шуъбаи милитсияи сайёҳӣ, дар Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе ва дар ҳамаи нуқтаҳои наздисарҳадӣ дода мешавад, инчунин барои гирифтани SIM-корти сайёҳӣ ба идораи милитсияи сайёҳӣ муроҷиат кардан мумкин аст. Ҳамчунин сайёҳон метавонанд пеш аз омадан ба кишвар тавассути ширкатҳои сайёҳӣ барои гирифтани SIM-корт ба милитсияи сайёҳӣ ариза фиристанд. Дар тавозуни ҳар як корт 100 дақиқа вақт барои зангҳои телефонӣ ва 100 мегабайт интернет барои истифода дар давоми 10 рӯз мавҷуд аст. Ҳамчунин соҳибони чунин кортҳои сайёҳӣ метавонанд пурра ройгон ба телефони милитсияи сайёҳӣ занг зананд. Операторҳои маркази дархостӣ ба сайёҳон бо якчанд забонҳои хориҷӣ маълумот медиҳанд: русӣ, англисӣ, чинӣ ва ғ.
Илова бар ин, соҳибони SIM-кортҳои сайёҳӣ ба SMS-огоҳонии чорабиниҳои асосии фарҳангӣ ё ҳолатҳои рафънопазир, офатҳои табиӣ дар кишвар пайваст карда шудаанд, ки дар бораи рӯйдодҳои охирин дар Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Барои гирифтани SIM-корти сайёҳӣ, шаҳрвандони хориҷӣ бояд шиноснома ва раводиди электрониро пешниҳод кунанд (агар SIM-корт пешакӣ дархост карда шавад).
Хабар дода мешавад, ки дар ояндаи наздик, бо дастгирии милитсияи сайёҳӣ, барномаи мобилии “Салом, Тоҷикистон” ва шиносномаи сайёҳӣ бо хизматрасониҳои иловагӣ ва иттилоотӣ таҳия карда мешаванд, ки он омадани сайёҳонро ба кишвар осон хоҳад кард.
Рақами телефони милитсияи сайёҳӣ дар назди Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон: 770 55 55 55