22 Ноябр, 2024

Семинари омӯзиши бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатӣ

 

Санаи 4-уми октябри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Атлас»-и шаҳри Душанбе барои кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Риояи имлои забони тоҷикӣ дар кори ҳуҷҷатнигорӣ» баргузор карда шуд.

Семинари мазкур дар доираи ҳамкориҳои судманди Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бо Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон дар Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» амалӣ карда шуд.

Дар кори ҷамъомад бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ подполковники милитсия Раҷабмоҳ Раҳмонализода ва намояндаи ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» Инобат Мустафоқулова баромад намуданд.

Баромадкунандагон нахуст ҳозиринро бо ҷашни Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ҷашни миллие, ки ҳамасолаи рӯзи 5 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад, табрик гуфтанд.

Қайд карда шуд, ки забон дар ҳама давру замонҳо ҳамчун воситаи муоширату муносибати байни одамон, рушду пешрафти ҷомеа, инъикоси ҳодисаю руйдодҳои муҳими зиндагӣ ва ташаккули миллату халқҳо хизмат менамояд. Забони миллат бояд устувору рушдёбанда, тоза ва ҳамқадами замон буда, ҳамзамон осори бойи гузаштагони худро гум накарда, ҳамеша дар такмил бошад.

Дар шароити рушди илму техника ва раванди ҷаҳонишавӣ, моро зарур аст, ки бо масъулияти баланди миллӣ дар устувории мавқеи забони давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию иҷтимоӣ саҳм гузорем ва фарҳанги миллии худро ҳифз намоем.

Аз кормандон даъват ба амал оварда мешавад, ки бисёртар омӯзанд, забони адабии худро такмил диҳанд, аз таҷрибаи якдигар бархӯрд гирифта, баҳри дурустии забон дар ҳуҷҷатнигорӣ саъю талош намоянд.

Сипас, мутахассисони соҳа сардори кафедраи забонҳои Академияи Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Азиза Давлатшоева, дар мавзӯи «Риояи имлои забони тоҷикӣ дар ҷараёни ҳуҷҷатнигорӣ» дотсенти кафедраи ҳуқуқи Академияи Вазорати корҳои дохилӣ Нуридинзода Суфи Нуриддин дар мавзӯи «Варақаи бақайдгирӣ: Мафҳум, аҳамият ва тартиби пур кардани он», намояндаи ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» Хуршед Қодирқулов ва Фаррух Хайруллоев дар мавзӯҳои «Аҳамияти ҳуқуқии дуруст пур кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо» ва «Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти гурезаҳо ва корбурди дурусти истилоҳот дар қонунгузорӣ» бо тариқи слайдҳо маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуда, ҳамчунин дар ҷараёни баромадҳо аз таҷрибаи амалии кормандони бахшҳои алоҳидаи дастгоҳи марказии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бархӯрдор гардиданд.

Аз ҷамъбасти ҳар як мавзуъ байни иштирокчиён саволу ҷавоб ва муҳокимаронӣ сурат гирифт.

Х. Солиҳӣ, полковники милитсия