23 Ноябр, 2024

Анҷоми марҳилаи якуми «Нелегал-2019» дар вилояти Хатлон

Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон марҳилаи якуми амалиёти «Нелегал-2019»-ро аз 9-уми апрел то 12-уми апрели соли 2019 ба анҷом расонид.
Чорабиниҳо бо мақсади ошкор намудани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, пурзӯр намудани назорат оид ба риояи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҳудуди вилоят аз тарафи кормандони Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тибқи нақшаи тартибдодашуда дар ҳудуди вилоят амалӣ гардиданд.
Дар давоми рӯзҳои 9-12-уми апрели соли равон дар доираи амалиёти махсуси “Нелегал-2019” 9 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ошкор карда шуд.

7985

Бояд қайд кард, ки мақсади асосӣ аз гузаронидани амалиётҳои муштарак таъмину сулҳу субот дар кишвар ва амнияту осоиштагии мардум, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба шумор меравад.
Мавриди зикр аст, ки дар асоси нақшаи гузаронидани амалиёти минтақавии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунии «Нелегал – 2019» дар ҳудуди давлатҳои аъзои СААД амалиёти минтақавии «Нелегал» имсол дар се марҳила гузаронида мешавад.

Офоқ Қодириён