23 Ноябр, 2024

Шарҳи баъзе иқтибосҳои мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин

 

Санаи 23 августи соли 2024 бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҳайати шахсӣ дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ машғулияти хизматӣ доир ба паҳлуҳои алоҳидаи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 9-уми марти соли 2024 бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин баён доштанд, доир карда шуд.

Барои гузаронидани дарси хизматӣ сардори факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Саидзода Зикрулло Алӣ, ки ҳамзамон номзади илмҳои ҳуқуқ ва дотсент мебошад, дар атрофи мавзўи “Муҳтавои шиори Сарвари давлат: “Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикаму баъдан мусулмон” даъват карда шуд.

Полковники милитсия Зикрулло Саидзода зимни сухаронии хеш қайд кард, ки Пешвои миллат дар мулоқоти зикргардида ба муҳимтарин масоли муносибати давлат ба дин, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва динӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон нуқтаҳои муҳими зеринро баён доштанд, ки дорои аҳамияти бузурги ахлоқӣ ва тарбиявӣ мебошанд.

Аз ҷумла зикр карда шуд, ки соли 2009 бо ширкати олимону донишмандони машҳури ҷаҳони ислом ва шахсиятҳои маъруф аз 55 давлати дунё баргузор кардани 1310-солагии асосгузори мазҳаби ҳанафӣ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, ки бо номи Имоми Аъзам машҳур аст, як рӯйдоди муҳим дар ҳаёти маънавии мардуми мо гардид. Фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит ё Имоми Аъзам поягузори бузургтарин мазҳаби таҳаммулгарои ислом аст, ки шумораи пайравонаш қариб 60 фоизи мусулмонони дунё, яъне беш аз нисфи эътиқодмандони дини исломро ташкил медиҳад.

Бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ ва динӣ – Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон, чопи осори зиёди ахлоқиву илмии мутафаккирони гузашта, ба забони тоҷикӣ тарҷума кардану се маротиба нашр намудани Қуръони карим ва ба мардуми Тоҷикистон дастрас гардонидани он аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки дар ин самт ба анҷом расидаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳикмат ва ахлоқи исломиро ба пояҳои бисёр баланди назм бардошта, дар сарҳади се тамаддун – исломӣ, юнонӣ ва насронӣ пули ҳамдигарфаҳмию таҳаммул бино намуд ва гуфтугӯи фарҳангу тамаддунҳоро ба роҳ андохт. Мо ифтихор мекунем, ки тамоми эҷодиёти Мавлоно ба забони тоҷикӣ мебошад.

Мавсуф зикр намуд, ки бояд ҳар яки мо аз тоҷик буданамон ифтихор намоем, миллати бузурги мо дар пешрафти тамаддуни инсонї саҳми босазо дорад.

Чи тавре, ки Пешвои муаззами миллат иброз доштанд: «Таърихи давлатдории навини тоҷикон ва гузашти вақт дуруст будани интихоби низоми дунявии давлатро дар шароити муосир собит сохт. Ман ҳамагӣ панҷ рӯз ҳам Роҳбари давлат набудам, дар замоне, ки дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд маро интихоб карданд, барои эмин нигоҳ доштани давлати тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ ва гирифтани пеши роҳи парокандашавии миллати тоҷик – ана ҳамин роҳ ва ҳамин сохти давлатдориро ман пешниҳод кардам».

Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ муносибат намуда, барои амалӣ гардонидани онҳо усулу воситаҳои заруриро дар сохтори давлатӣ ташаккул дод.

Дар фарҷоми ҷамъомад байни кормандони Хадамоти шиносномавию бакайдгирӣ ва баромадкунанда саволу ҷавоб сурат гирифт, ки ба саволҳои додашуда посухҳои муносиб гардонида шуд.