23 Ноябр, 2024

Тақдими ботантанаи шиноснома ба хонандагони мактабҳо

 

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Хадамот дар тамоми вилоят, минтақа ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо раёсату шуъбаҳои маориф марҳила ба марҳила чорабиниҳои ба таври тантанавӣ ва дастҷамъона супоридани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки ба синни 16 расидаанд, баргузор гардида истодаанд.

Бояд қайд кард, ки дар ин самт фармоиш ва нақшаи чорабиниҳои якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2021, таҳти №96 “Доир ба муташаккилона гирифтани шиноснома барои хонандагони ба синни 16 расида” амал мекунад.

Чорабинии навбатии тантанавӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54-и ноҳияи Рўдакӣ доир гардид.

Чорабиниро муовини сардори ХШБ ВКД подполковники милитсия Раҷабмоҳ Раҳмонализода оғоз намуда, аввалан хонандагони ин боргоҳи илмро бо моҳвораи ҷавонон муборакбод гуфта, зикр кард, ки ба синни камолот расидану соҳиби шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидан боиси ифтихору сарбаландист.

– Имрўз роҳбарияти олии мамлакат барои ҳар яки мо тамоми шароити иҷтимоиву иқтисодӣ ва зиндагии арзандаро фароҳам овардааст. Аз ин лиҳоз, мо ҷавобан ба ин ғамхориҳо пайваста пайи омўхтани илму дониш бошему дар пешрафту тараққиёти давлату миллат саҳмгузорӣ намоем, – афзуд баромадкунанда.

Мавсуф оид ба ҳуҷҷатгузорӣ, таҳия ва дорои кадом маълумот будани шиноснома сухан ронда, баён дошт, ки шиноснома ҳуҷҷатест, ки шахсияти шаҳрвандро тасдиқ намуда, барои идомаи таҳсил дар макотиби олии дохилу хориҷи кишвар ва ё кору фаъолияти минбаъда мусоидат менамояд.

Нозири калон оид ба кори шиносномавии ШМД «Навобод»-и ШВКД-1 дар ноҳияи Рўдакӣ майори милитсия Холид Маҳмадҷонзода қайд кард, ки «Мо пайваста бо омўзгорону хонандагони таълимгоҳҳои минтақаи хизматӣ вохўриҳо гузаронида, барои сари вақт гирифтани шиноснома ва таҳияву дастрас намудани он мусоидат менамоем. Танҳо дар чор моҳи соли равон 1087 нафар шаҳрвандон маротибаи аввал шиноснома гирифтаанд, ки аз ин теъдод қисмати зиёдашро хонандагони мактабҳо ташкил медиҳанд».

Насима Сафарова, хонандаи синфи 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 54 ноҳияи Рўдакӣ мегўяд, ки «Ин лаҳзаҳо ҳамчун хотира дар ёди мо боқӣ хоҳанд монд, зеро аввалин ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият насибамон гардид ва барои роҳ ёфтан ба Маркази миллии тестӣ он хеле муҳим мебошад. Пас аз хатм намудан дигар аз пайи омода сохтани шиноснома намегардем, зеро мо аллакай шиносномаи хешро соҳиб ҳастем».

Дар МТМУ-и №61-и ҷамоати деҳоти Ориёни шаҳри Ҳисор, ки яке аз ҷамоатҳои дурдасттарини ин шаҳр ба ҳисоб меравад, бо иштироки масъулини ХШБ, сардори ХШБ ШВКД дар шаҳри Ҳисор подполковники милитсия Содиқ Наимзода ва хонандагону масъулини муассисаи мазкур вохўрӣ доир гардид.

Сараввал, масъулини муассисаи мазкур ҳозиринро хайрамақдам гуфта, барои баргузории чунин чорабинӣ ба роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ арзи сипос карда, иброз доштанд, ки «Мо аз чунин иқдоми хуби Вазорати корҳои дохилӣ бениҳоят хушҳолем, зеро чунин чорабиниҳо дар хотираи хонандагон нақши муҳим дошта, онҳоро дар хонишу аз бар намудани донишҳои муосир ва идома додани таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳо дилгарм месозад».

Сипас, подполковники милитсия Раҷабмоҳ Раҳмонализода аз ғамхориву дастгириҳои ҳамаҷонибаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонону ояндаи дурахшони онҳо, хубу аъло хондану соҳиби илму маърифат гардиданашон ва дурӣ ҷустан аз ҳама гуна амалҳои ғайриқонунӣ, инчунин оид ба ҳуҷҷатгузориҳо барои гирифтани шиносномаи шаҳрвандӣ, бақайдгириву аз қайд баровардан, ҳуҷҷатгузорӣ намудан ва ҳамеша дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ доштани шиноснома суханронӣ намуд.

Дар идомаи чорабинӣ ба 25 нафар хонандагоне, ки аллакай ҳуҷҷатҳояшон омода гардида буд, дар фазои тантанавӣ дар ҳузури омўзгорону муҳассилин шиносномаҳо тақдим карда шуд.

Дар рафти ин чорабинии тантанавӣ сардори ХШБ ШВКД дар шаҳри Ҳисор подполковники милитсия Содиқ Наимзода зикр кард, ки «Мо ҳарчи бештар кўшиш менамоем, ки ба шаҳрвандон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ шиноснома дастрас намоем. Соли равон дар шаҳри Ҳисор ба 6186 нафар шаҳрвандон шиносномаи шаҳрвандӣ дода шудааст, ки аз ин шумора 2309 нафарашонро шахсоне ташкил медиҳад, ки маротибаи аввал шиноснома гирифтаанд.

Матлуба Бобоева, хонандаи синфи 9-и ин муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор, баъди дар фазои тантанавӣ ба даст гирифтани шиносномаи шаҳрвандӣ изҳори хушнудӣ намуда, зикр кард, ки «Аз ин иқдоми пешгирифтаи кормандони милитсия, ки барои сари вақт таъмин гардидани мо бо шиносномаҳои миллӣ мусоидат намуданд, миннатдорӣ баён менамоем. Мо – хонандагон дар навбати худ кўшиш менамоем, ки бо баҳои хубу аъло хонда, соҳибкасб гардида, ба халқу Ватанамон хизмат намоем».

Дар интиҳои ин чорабиниҳо ба ҳамаи хонандагону хатмкунандагон саломатӣ, таҳсили хубу аъло ва дар зиндагиву фаъолияти минбаъдаашон барору комёбиҳо таманно намуданд.

Раҷаббек ИЛЁСОВ,

Тоҷиддин ЛАТИПОВ