23 Ноябр, 2024

Тақдими ботантанаи шиноснома ба хатмкунандагон дар ноҳияи Шаҳринав

 

Рўзи 30-юми апрел дар Шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав маросими ботантана супоридани шиносномаҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи мазкур бо иштироки роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ва ШВКД, омўзгорону хонандагон ва масъулини соҳаи маориф баргузор гардид.

Нахуст, муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав майори милитсия Зиёратшо Маҳмадшозода хатмкунандагонеро, ки маротибаи аввал соҳиби шиносномаи шаҳрвандӣ гардиданд, табрик гуфта, барои таҳсили минбаъда дар макотиби олӣ ва кору фаъолияташон муваффақиятҳо таманно намуд.

Дар идома, сардори шуъба оиди кори шиносномавии ХШБ ВКД подполковники милитсия Сурайё Шамсиддинзода қайд кард, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола роҳбарият ва кормандони масъули ХШБ ВКД дар ҳамбастагӣ бо масъулини шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ барои ботантана тақдим намудани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хатмкунандагоне, ки аллакай ба синни 16 расидаанд, чорабиниҳо мегузаронанд.

Мавсуф дар идома вобаста ба тарзи ҳуҷҷатгузорӣ намудан барои гирифтани шиносномаи шаҳрвандӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳимияти доштани шиносномаи шаҳрвандӣ барои шахсоне, ки аллакай тибқи қонунгузории кишвар ҳуқуқи гирифтани онро доранд, хусусиятҳои ҳифзшавандаи шиноснома ва маълумотҳои дарҷгардида дар он, баромад намуд.

Дар идома, муовини сардори ХШБ ВКД подполковники милитсия Раҷабмоҳ Раҳмонализода ба як қатор хонандагон дар ҳузури омўзгорону ҳамсабақон ва падару модаронашон шиноснома тақдим намуд.

Ў зикр кард, ки барои ҳар як шаҳрванди кишвар соҳиби шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидан ифтихору сарбаландист.

Дар рафти чорабинии мазкур муовини мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав Шаҳло Саидзода барои ҳамкориҳои ҳамаҷонибаву густурдаи мақомоти корҳои дохилӣ бо соҳаи маориф ба роҳбарияти ВКД, ба масъулини ХШБ ВКД ва бахши шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар ноҳияи мазкур барои баргузории ин ҷамъомади бошукўҳ арзи сипос намуд. Номбурда қайд кард, ки «мо ҳамеша барои пешрафти давлату миллат, оромиву осоиштагӣ, пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар робитаи зич қарор дорем».

Инчунин, хонандаи МТМУ №6 Бибисоро Сатторзода ва хонандаи МТМУ №8-и ин ноҳия Зулайхо Сафарова, ки дар ин рўз соҳиби шиноснома гардиданд, онро барояшон фаромўшнашаванда гуфта, миннатдории хешро барои чунин иқдоми наҷиб ба роҳбарияти ВКД расонида, аз номи худ ва ҳамсолони хеш ваъда доданд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил менамоянду номбардорони Ватани азизамон мешаванд.

Тавре сардори ХШБ ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав майори милитсия Сафар Раҳимов дар рафти ин чорабинӣ баён дошт, тайи чор моҳи соли равон аз ҷониби кормандони ХШБ ШВКД дар ин ноҳия ба 2353 нафар шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст. Аз ин шумора 979 шиноснома ба шаҳрвандоне, ки бори аввал соҳиби шиноснома гардидаанд, бахусус хатмкунандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии ноҳияи мазкур тақдим гардидааст.

– Дар баробари баргузории чунин чорабиниҳои тантанавӣ, мо – кормандони бахши шиносномавӣ бо донишу малакаи баланди касбӣ ва дар доираи талаботи қонунҳои танзимкунандаи самти фаъолият кўшиш менамоем, ки ба шаҳрвандон сари вақт хизматрасонӣ намоему дастгиру мададгори онҳо бошем. Бовар дорам, ки ҳамаи онҳое, ки имрўз соҳиби шиноснома гардиданд, дар таҳсили минбаъдаашон муваффақ мегарданд ва баҳри пешрафту ободии Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоранд, – афзуд баромадкунанда.

Р. ИЛЁСОВ