– Баъд аз соҳибистиқлол гардидан, бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти ВКД, дар баробари дигар мақомоти қудратии кишвар, сохтори Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он низ мукаммал ва ба як ниҳоди пуриқтидори давлатӣ табдил ёфт. Миёни дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ низ як воҳиди пешбари самти фаъолият ба шумор рафта, бо мақсади боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани ин самти фаъолият, бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи роҳбарияти Ҳукумати кишвар, саъю кўшишҳои пайвастаи вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ХШБ пайваста ба натиҷаҳои назарраси хизматӣ ноил мегардад, – мегўяд сардори шуъбачаи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Шуъбаи 2-юми ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ майори милитсия Фирдавс Султонзода.
Ҳамин тавр, дар баробари ба истифода додани ин шуъбача бо ҳуҷраҳои корӣ, дар онҳо техникаву таҷҳизоти муосир ва лавозимоти корбарӣ ҷиҳозонида шудааст, ки ба пешрафти кору фаъолияти кормандон мусоидат менамояд. Бо истифода аз ин ҳама шароити муҳайёгардида кормандони шуъбача бештар ба шаҳрвандон хизматрасонӣ менамоянд ва танҳо дар соли 2023 ба сокинону истиқоматкунандагони минтақаи хизматӣ, дар умум 7033 адад шиносномаи умумимиллӣ дода шудааст. Аз ин теъдод 2079 нафар шаҳрвандон маротибаи аввал соҳиби шиноснома гардидаанд.
Дар баробари дастрас намудан, ҳамчунин дар ин сол 3895 нафар шаҳрвандон шиносномаҳои қаблии худро, ки фарсуда ва ё муҳлати истифодабарии он гузаштааст, иваз намудаанд ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2022 бошад, дар ин самт 145 нафар шаҳрвандон бештар шиноснома иваз намудаанд.
Дар баробари ин, аз ҷониби кормандони шуъбачаи шиносномавию бақайдгирии ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳангоми суҳбату вохўриҳо бо аҳолӣ ва баргузории санҷишҳои реҷаи шиносномавӣ пайваста оид ба риояи қоидаҳои истиқомат, дуруст ва тозаву озода нигоҳ доштани шиносномаи шаҳрвандӣ, ки тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванд мебошад, пайваста таъкидҳо карда мешавад. Аммо, боз ёфт мешаванд шахсоне, ки нисбати ҳуҷҷати худ бепарвоиву бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, соли 2023 барои вайрон намудани қоидаҳои будубош дар маҳалли истиқоматӣ, хунукназарона рафтор намудан бо ҳуҷҷате, ки шахсияти шаҳрвандро тасдиқ мекунад, яъне фарсудаву корношоям гардонидани ҳуҷҷат 1169 нафар шаҳрвандон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ҷаримабандӣ гардиданд.
Нозирони хадамоти шинисномавию бақайдгирӣ дар баробари фаъолияти хизматӣ, ҳамзамон дар ошкору пешгирии ҷинояткорӣ низ саҳм мегузоранд. Аз ҷумла, ҳайати шахсии шуъбачаи ХШБ ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ соли 2023 6 нафар шахсони дар кофтуков қарор доштаро муайян ва дастгир намуда, барои чораандешӣ ба мақомоти дахлдор супориданд.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, дар баробари пешбурди ин самти хизмат, онҳо барои соли 2024 нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, тибқи он баҳри таъмин намудани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахсоне, ки маротибаи аввал шиноснома гирифтаанд, оид ба ҳуҷҷатгузорӣ ва дастрас намудани шиносномаи шаҳрвандӣ, бақайдгириву аз қайд баровардан, дуруст ва эҳтиёткорона истифода намудани шиноснома, инчунин дар муҳлати муқарраргардида иваз намудани он ва дигар ҳолатҳои истифодабарии шиносномаи шаҳрвандӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Фирдавс Султонзода, ҳамзамон қайд намуд, ки моҳи январи соли равон аз ҷониби кормандон ба 580 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаи шаҳрвандӣ ба расмият дароварда шудааст.
Аз ин теъдод шиносномаҳои барасмиятдаровардашуда 158 адад шиноснома ба сокиноне, ки бори аввал соҳиби ин ҳуҷҷати асосӣ мешаванд ва 313 адад шиноснома бар ивази шиносномаи қаблӣ доштаашон, инчунин ба 89 нафар шаҳрвандоне, ки мутобиқи қонунгузорӣ дар асоси расму оинҳои миллӣ шиносномаи шаҳрвандӣ иваз намудаанд, дода шудааст.
Муносибат, муошират ва риояи тартибу низоми корбарӣ яке аз асосҳои пешрафти самти фаъолият дар тамоми соҳаҳо ба ҳисоб меравад. Вақте шаҳрванд ба корманди мақомоти корҳои дохилӣ, новобаста ба самти фаъолияташ муроҷиат менамояд, бешубҳа дар симои ҳар яки онҳо шахси боэътимодро мебинад.
Роҳбарият ва ҳайати шахсии шуъбачаи ХШБ ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ дастуру супоришҳои роҳбариятро сармашқи кори худ намуда, баҳри иҷрои вазифаҳои базиммадоштаашон ва сари вақт дар сатҳи баланд хизматрасонӣ намудан ба шаҳрвандон донишу малакаи касбии худро сайқал медиҳанд.
Наврўз ҶОБИРОВ,
хабарнигори њафатаномаи «Қонун ва ҷомеа»