23 Ноябр, 2024

Ташкили ҷамъомадҳои тантанавии шиносномасупорӣ ба хонандагон дар шаҳри Исфара

 

Бо эълон гардидани соли 2024 соли маърифати ҳуқуқӣ сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ вобаста ба самтҳои фаъолият бо мақсади саҳм гузоштан дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, ҷиҳати риояи талаботи қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ бо аҳолӣ вохӯрӣ ва чорабиниҳои таблиғотӣ мегузаронанд. Тавассути корҳои фаҳмонидадиҳӣ таъмин намудани наврасони ба синни 16 расида бо шиноснома – ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шахсияту шаҳрвандӣ ва ба ингуна муносибат ташкили ҷамъомадҳои тантанавии шиносномасупорӣ ба хонандагон аз самтҳои фаъолияти барномавии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии мақомоти корҳои дохилӣ дар соли маърифати ҳуқуқӣ мебошад, ки дар баробари саривақт бо шиноснома таъмин гаштани наврасон, тасаввурот ва донишҳои ҳуқуқии онҳоро дар хусуси низоми шиносномадорӣ бештар месозад. Ин иқдом бо дастуру супоришҳои вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро роҳандозӣ шуда, масъулин дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ онро амалӣ менамоянд.

Ҳафтаи равон бо иштироки сардори ХШБ ШВКД-1 дар шаҳри Исфара майори милитсия Файзулло Наимзода ва ҳайати шахсии хадамот дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти ғайридавлатии «Мактаби байналмиллалии Контакт» бо иштироки хонандагони синфҳои болоии мактаби мазкур ва мактаби №69-и шаҳри Исфара маросими ботантанаи шиносномасупорӣ ба хонандагон доир гардид. Муроҷиати хонандагони бо шиноснома сарфароз шуда қаблан ба таври гурӯҳӣ қабул гардида буд.

Пеш аз супоридани шиноснома намояндагони ХШБ ШВКД-1 дар шаҳри Исфара маълумоти заруриро вобаста ба қоидаҳои шиносномадорӣ, фарҳангӣ истифодабари, мавқеъи шиноснома дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва бартарияти соҳиб шудан ба он маълумот доданд.

Бори аввал ба даст гирифтани ҳуҷҷати асосӣ дар вазъияти тантанавӣ хонандагонро хело руҳбаланд намуд. Зеро гирифтани шиноснома аз як тараф оиди расидан ба синни камолот гувоҳи диҳад аз ҷониби дигар ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ комилҳуқуқӣ ва мансубияти шаҳрвандии шахсро ба давлат тасдиқ менамояд

Фаъолияти муштараки хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД-1 дар шаҳри Исфара бо Раёсати маорифи шаҳри мазкур ҷиҳати соҳиби шиноснома гардонидани хонандагон имконият медиҳад, ки дар баробари расидан ба синни шиносномагирӣ наврасон ба таври соддакардашуда бе иштироки волидон шиноснома гиранд.  Тавре таъкид гардид дар ҳудуди шаҳри Исфара 89 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад, ки аз ҳамин гуна хизматрасониҳо бархӯрдор хоҳанд шуд.

Маҳаки асосии коргузории дастрасии хонандагон бо шиноснома барои  бемамоният ҳуҷҷутсупорӣ ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, то ин ки дар интихоби касбомӯзӣ наврасон ба мушкилӣ рӯ ба рӯ нашаванд.

Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия