23 Ноябр, 2024

Шиносномасупории ботантана ба хонандагони шаҳри Гулистон

 

Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар шаҳри Гулистон баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД дар самти таъмини шаҳрвандон бо шиноснома фаъолияти хизматиашро нақшабандӣ ва дар ин раванд корҳои фаҳмонидадиҳӣ бо аҳолиро вусъат бахшид.

Муоширату роҳнамоии шаҳрвандон ба риояи қоидаҳои шиносномадорӣ, ҳамчун далели пурзӯр гаштани корҳои фаҳмонидадиҳӣ гувоҳӣ аз он аст, ки хизматрасонии шоиста ба аҳолӣ дар шаҳри саноатии ҷумҳурӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин раванд мавқеи муҳими самти фаъолият ташкили чорабиниҳои ботантанаи шиносномасупорӣ ба хонандагон мебошад.

Ҳафтаи гузашта ҷамъомади тантанавии навбатии шиносномасупориро ҳайати шахсии хадамоти мазкур дар маҷлисгоҳи МИҲД шаҳри Гулистон бо хонандагони се муассисаҳои таълимӣ – Гимназияи №1 ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1 ва 14-и шаҳри Гулистон баргузор намуданд.

Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар шаҳри Гулистон майори милитсия Сулаймон Тағоймуродзода маълумоти заруриро оид ба қоидаҳои шиносномадорӣ ба ҳозирин расонида, таваҷҷуҳи хонандагонро барои саривақт таҳияи шиноснома, ҳифзу нигоҳдорӣ ва истифодаи дурусти он дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ҷалб намуд.

Мавсуф таъкид дошт, ки ҳар шахси ба синни 16-сола расида уҳдадор аст шиносномаи шаҳрвандӣ дошта бошад. Ҳамзамон дар ҷараёни чорабинӣ сардори бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон ва масъули Хадамоти огоҳонии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД дар хусуси интихоби тарзи ҳаёти солим, худдорӣ кардан аз содирнамоии ҳуқуқвайронкунию ҷиноят, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, саҳм гузоштан дар ободии мамлакат ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷавонону ноболиғон ва масъалаҳои доғи рӯз маърузаи пурмуҳтаво намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ ба 30 нафар хонанда дар вазъияти тантанавӣ шиноснома супорида шуд, ки хатмкунанда ва довталаби донишҷӯӣ мебошанд.

Ҳайати шахсии ХШБ ШВКД дар шаҳри Гулистон шиносномаҳои омодагардидаро ба соҳибонаш супорида фазои хотирмонеро ташкил намуданд, ки муҳимияти шиноснома дар ҳаёти шахсро тасдиқ менамояд. Баргузории ингуна чорабиниҳоро дар тамоми муактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳраку деҳоти шаҳри Гулистон, ки 15 адад мебошанд, Хадамот ба нақша гирифтааст.

Илова бар ин роҳандозии вохӯрию мулоқотҳо бо шаҳрвандон ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ дар самти низоми шиносномадорӣ ва қоидаҳои он самти дигари фаъолият мебошад, ки метавонад ба сифати хизматрасонӣ таъсиргузор бошад. Коргузории мазкур тадбиқи мантиқии нақшаҳои фаъолият дар «Соли маърифати ҳуқуқӣ» мебошад. Аз тарафи дигар мушкилии пешомадаи корафтодагон барои ба расмиятдарории қоидаҳои буду бош ва гирифтани шиноснома, саривақт дар доираи талаботи қонунҳои амалкунанда бартараф карда мешавад.

Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия