23 Ноябр, 2024

Иштирок дар ҷаласаи омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи санъати тасвирӣ

 

16-уми январи соли 2024, дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ, омӯзгорону донишҷӯёни донишкадаи зикргардида ҷаласа доир гардид.

Мақсад аз баргузории чунин як ҷамъомад, бурдани корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии қонуншиканӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон, бахусус донишҷӯён буд.

Дар ҷаласаи мазкур дар баробари дигар маърӯзачиён муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Раҷабзода Боймаҳмад Шариф суханронӣ намуда, оид ба омори даст ба ҷинояту қонуншиканиҳо задани бархе аз ҷавонону ноболиғон, аз ҷумла донишҷӯёни кишвар, ҳолатҳои аз қасдонаю аз ноогоҳӣ ба роҳҳои бад рафтан, хатарҳои амалу кирдорҳои номатлуб ба ҷомеа ибрози андешаронӣ намуд.

Қайд гардид, ки боло бурдани нақши ҷавонон ва истифодаи нерӯи онҳо дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, инчунин таълиму тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарварию миллатдӯстӣ аз масъалаҳои басо муҳим дар назди роҳбарияти ҳукумат ва сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, ояндаи ҷомеа, пешрафту ободии Ватани азизамон маҳз аз нерӯи созандаи ҷавонони имрӯза вобастагии калон дорад.

Дар кори ҷаласа инчунин оид ба мазмун ва муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, мавзӯҳои ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдорӣ, сулҳу субот ва тинҷиву  оромӣ дар ҷомеа ва дигар масъалаҳои мубрам намояндаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон баромад намуданд.

Солиҳӣ Х.М., полковники милитсия