26 Ноябр, 2024

Хатлон: Баррасии масъалаи ивази симкортҳо бо шиносномаи намунаи соли 2014

 

Ҷиҳати таъмини иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2023, №35 «Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он»» санаи 19 июли соли 2023 дар шаҳри Бохтар ҷамъомади кории байниидоравӣ баргузор карда шуд.

Дар ҷамъомад роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои алоқаи мобилии дар ҳудуди вилояти Хатлон фаъолияткунанда ва кормандони масъули хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он ширкат варзиданд.

Бо сухани ифтитоҳӣ ҷамъомадро сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир ҳусни оғоз бахшида, аз ҳамкориҳои судманди мақомоти корҳои дохилӣ бо Хадамоти алоқаи кишвар дар самтҳои гуногун ёдовар шуд. Номбурда, доир ба раванди иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №207-7 «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» суханронӣ намуд.

Дар идомаи кори ҷамъомад муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев баромад намуда, иброз дошт, ки муҳлати амали қарори дар боло зикршуда то 15 феврали соли 2024 тамдид карда шудааст. Аз ҷониби Хадамоти алоқа корҳои санҷишии фурӯши симкортҳо, пайвасткунии муштариён ба шабакаи алоқаи барқӣ ва баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар доираи қарори мазкур гузаронида мешаванд. Айни замон истифодабарандагони алоқаи мобилие, ки то ҳол симкортҳояшон бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 дар фаъолият мебошанд ва тибқи Тартиби мазкур аз нав бақайдгириро нагузаштаанд, аз ҷониби ширкатҳои мобилӣ хомуш карда шудаанд.

Дар кори ҷаласа мушкилоти ҷойдошта муҳокима карда шуда, иштирокчиён ба қароре омаданд, ки ҳамкориҳои байниидоравии мақомоти корҳои дохилӣ ва Хадамоти алоқа боз ҳам тақвият бахшида шуда, дар якҷоягӣ ҷиҳати тарғиби ивази шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба намунаи соли 2014 (айди карта) дар байни аҳолӣ саҳмгузор бошанд ва мушкилоти ҷойдоштаро сари вақт бартараф намоянд.