22 Ноябр, 2024

Марҳилаи аввали амалиёти «Нелегал-2023»

Бо мақсади пешгирии вайрон кардани қоидаҳои будубош ва фаъолияти меҳнатии ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани роҳҳои муҳоҷирати  ғайриқонунӣ, пешгирии дигар ҳуқуқвайронкунию қонуншиканӣ ва содир намудани ҷиноятҳо дар байни шаҳрвандони хориҷӣ аз 19 то 25 июни соли 2023 дар тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи 1-уми амалиёт бо унвони рамзии “Нелегал-Трафик” роҳандозӣ карда шудааст.

Амалиёти мазкур тибқи Нақшаи гузаронидани амалиёти минтақавии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ «Нелегал-2023» доир карда шуда, дар он аз ҳисоби кормандони сохторҳои масъули Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғи аҳолии кишвар сафарбар карда шудаанд.

Гуруҳҳои корӣ аллакай ба маҳалҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, хонаҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо, корхонаву ташкилот ва дигар иншоот ташриф оварда, пеш аз ҳама ба қонунӣ будани кору фаъолият ва зисту зиндагонии онҳо таваҷҷӯҳ менамоянд. Кормандон бо шаҳрвандони хориҷӣ бо хушмуомилагию ахлоқу одоби баланди касбӣ муносибати худро ба роҳ мондаанд.

Х.Солиҳӣ, полковники милитсия