30 майи соли 2023 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон мизи мудаввар доир ба масъалаи маҳви бешаҳрвандӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Дар мизи мудаввари мазкур намояндагони вазорату идораҳои масъули ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок намуданд.
Дар кори мизи мудаввар дар атрофи мавзўҳои иҷозати вазъияти инфиродӣ, бақайдгирии умумии таваллуд, кафолати ҳуқуқии пешгирии бешаҳрвандӣ, ҳамроҳшавӣ ба Конвенсия оид ба кам кардани бешаҳрвандӣ, уҳдадориҳои марбут ба бешаҳрвандӣ ва дигар масъалаҳои ба он алоқаманд муҳокима гардиданд.
Дар ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вазорати корҳои дохилӣ сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир иштирок ва дар мавзўҳои зикргардида суханронӣ намуд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон дар Осиёи Марказӣ доир карда шудааст.