Ҳафтаи сипаригардида бо иштироки сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир, намояндаи Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон Беҳнам Моҳарек, намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии “Инсон ва адолат” Ширинбек Давлатшоев, собиқ раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Муродзода, инчунин роҳбарияти ХШБ ВКД ва сардорони бахшҳои шиносномавию бақайдгирии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, минтақа ва ноҳияи Рашт семинари омӯзишӣ оид ба тарзи дурусти ҳуҷҷатгузорӣ дар баррасии парвандаҳои ҳуқуқӣ, таҳияи шиносномаҳои шаҳрвандӣ ва хориҷӣ доир гардид.
Иштирокчиёни чорабинӣ атрофи ду мавзӯъ: «Тартиби баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо» ва «Шарҳи мухтасари фаъолият дар самти шаҳрвандӣ, шиносномавию бақайдгирӣ», инчунин дигар самтҳои фаъолият, ки бо мавзуъҳои баррасишаванда алоқамандӣ доранд, суханронӣ намуданд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ, сардори ХШБ генерал-майори милитсия Ҳусейн Халилзода оғоз намуда, зикр кард, ки баргузории семинари мазкур барои ҳар як корманди бахши шиносномавию бақайдгирӣ зарур ва саривақти буда, он тибқи дастуру супоришҳои вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти шиносномавию бақайдгирӣ, равшанӣ андохтан дар баъзе масъалаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо, инчунин иқдоми пешгирифта оид ба содда гардонидани чандин бандҳои дастурамали қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баррасии дигар масъалаҳои ҷорӣ доир гардида истодааст.
Мавсуф қайд кард, ки аз ҷониби роҳбарият ва ҳайати шахсии ХШБ ВКД гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, баҳри сабукӣ, содагардонӣ ва ҳамқадами замон будан ба як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ тағйиру иловаҳо ворид кардан кӯшиш ба харҷ дода истодаанд ва дар ин самт корҳо идома доранд. Аз ҷумла, ба фармоиши якҷояи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2021, таҳти №746 б/з ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2021, таҳти №1022 «Дар бораи Дастурамали муштараки тартиби татбиқи Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон» якчанд тағийру иловаҳо ворид карда шуданд. Ин дигаргуниҳо асосан дар сабукӣ овардан ба кори кормандони хадамотҳои шиосномавию бақайдгирӣ, кам намудани сарборӣ, пешгирии сарсонию саргардониҳои шаҳрвандон равона гардидааст.
Дар идомаи суханронӣ сардори хадамот доир ба масъалаҳои шаҳрвандӣ, қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, таҳияи шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ ибрози андеша намуд. Аз сардорон ва масъулини бахшҳои шиносномавию бақайдгирӣ талаб намуданд, ки ба тағйиру иловаҳои воридшуда, муқаррароти қонунгузории расонидашуда, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо диққати ҷиддӣ дода, тибқи талаботи онҳо кору фаъолиятро ба роҳ монанд.
Сипас намояндаи Комиссариати олии СММ оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон Беҳнам Моҳарек аз дастгириву ҳамкориҳои судманди ВКД ва баргузории чунин семинари омӯзишӣ дар мавзӯъҳои мубрами рӯз изҳори миннатдорӣ намуд. Мавсуф қайд кард, ки Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо баҳри ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо, беҳтар гардонидани шароити иҷтимоиву будубоши онҳо, инчунин пешрафти фаъолияти масъулини бахшҳои ХШБ дар ин самт ҳамеша омодаанд.
Дар семинари омӯзишӣ собиқ раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Муродзода дар мавзӯи “Намунаи ҳуҷҷатҳои мурофиаи маъмурӣ нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, паноҳҷӯянда ва гурезаҳова тартиби иҷро намудани қарор оид ба таъини ҷазои маъмурӣ”, сардори шуъбачаи шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳои ХШБ подполковники милитсия Саид Давлатзода дар мавзӯи «Омилҳои аз даст додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон», сардори ШТНҲ ХШБ, полковники милитсия Хисрав Солиҳӣ вобаста ба мавзӯи «Қонунгузорӣ дар самти будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд”, муовини сардори ШКРБ ХШБ Шамсулло Ҷобирзода дар мавзӯи «Масъалаҳо вобаста ба таҳияи шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ», инчунин намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии “Инсон ва адолат” Ширинбек Давлатшоев дар мавзӯи «Вазъи ҳуқуқии шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромадҳои пурмӯҳтаво намуданд.
Дар қисмати хотимавии чорабинӣ миёни иштирокчиён ва баромадкунандагон вобаста ба мавзуъҳои матраҳгардида саволу ҷавоб сурат гирифт.
Раҷаббек ИЛЁСОВ