Ҳайати шахсии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД ва нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида, баҳри боз ҳам дуруст ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба шаҳрвандон вобаста ба самти фаъолият, мусоидат ва бартараф намудани мушкилоти онҳо ҳангоми ҳуҷҷатгузорӣ, амалӣ намудани вохўриҳо ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ пайваста чорабиниҳо доир менамоянд.
Дар ин асно, ҳафтаи сипаригардида дар ҷамоати деҳоти Акрам Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав бо иштироки муовини сардори ХШБ подполковники милитсия Раҷабмоҳ Файзалиева, сардори шуъбаи кор бо шиносномаи ХШБ полковники милитсия Манучеҳр Миршамсзода, сардори ХШБ ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав майори милитсия Дониёр Камолзода ва ҳайати шахсии ин ниҳод вохўрии судманд доир гардид.
Ҷамъомадро муовини сардори ХШБ ВКД подполковники милитсия Раҷабмоҳ Файзалиева оғоз намуда, қайд кард, ки шиносномаи шаҳрвандӣ барои ҳар як шаҳрванде, ки аллакай 16-солагиро пурра намудааст, ҳуҷҷати аввалиндараҷа ва тасдиқкунандаи шахсият мебошад. Минбаъд ҳар як шаҳрванд тамоми ҳуҷҷатгузориҳои худро тавассути шиносномаи шаҳрвандӣ амалӣ менамояд. Аз ин лиҳоз, сокинон бояд дар бахшҳои шиносномавии минтақаи зист шиносномаи худро сари вақт ба тартиб дароранд.
Дар идома оид ба раванди амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» сардори шуъбаи кор бо шиносномаи ХШБ полковники милитсия Манучеҳр Миршамсзода суханронӣ намуда, мазмуну мўҳтавои ин санадҳои меъёрии ҳуқуқиро шарҳ дод.
Ҳамзамон, мавсуф оид ба корҳои дар ин самт иҷронамудаи масъулини бахшҳои шиносномавӣ, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми бори аввал гирифтани шиноснома, бахусус мусоидати раисону масъулини деҳаҳо, муассисаҳои таълимӣ барои сари вақт гирифтани шиносномаи шаҳрвандӣ, ба хонандагоне, ки акнун ба синни 16 расидаанд ва сабукиҳои воридгардидаро дар ин самт фаҳмонид.
Инчунин, сардори ХШБ ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав майори милитсия Дониёр Камолзода аз дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти ВКД ва ХШБ, шароити муҳайёгардидаи хуби корӣ ва қабули шаҳрвандон дар хадамотҳои шиносномадиҳӣ арзи сипос намуд.
– Ҷамоати деҳоти Акрам Ҳасанов яке аз ҷамоатҳои калонтарини ноҳия ба шумор рафта, дорои 30 деҳа, аз ҷумла деҳаҳои Аҷам, Бўстон, Ҳаёти нав, Баҳор, ки нисбатан калонтар ба ҳисоб мераванд, дар умум, зиёда аз 34000 нафар аҳолӣ дорад. Имрўз ҳайати шахсии ХШБ ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав вазифаҳои базиммадошта ва дастуру супоришҳои роҳбариятро сари вақт иҷро намуда, саъй дорем, ки ҳарчи бештару хубтар ба аҳолӣ дар сатҳи баланд хизматрасонӣ намоем”.
Дар интиҳои вохўрӣ иштирокчиёни чорабинӣ вобаста ба мавзўъҳои матраҳгардида, аз ҷумла дар ҳолати фарсудаву корношоям гардидани шиноснома, мўҳлати муқарраргардидаи ивази онҳо ва имкониятҳои сари вақт бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта дар ин самт ба масъулин саволу пешниҳодҳо ироа намуда, аз ҷониби масъулин ҷавобҳои мушаххасу қонеъкунанда гирифтанд.
Раҷаббек ИЛЁСОВ