Роҳбарият ва кормандони масъули Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар асоси супориши вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати таъмини иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ сафарҳои корӣ анҷом дода, зимни он дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти ҳокимияти иҷрояи давлатӣ ва бо иштироки раисону фаъолони ҷамоатҳо, шаҳрвандони касбу кори гуногун вохӯриҳои судманд баргузор намуда истодаанд.
Аз ҷумла, чунин вохӯриҳо аз ҷониби сардори шуъба оид ба кори шиносномавии ХШБ полковники милитсия Миршамсзода Манучеҳр Холамон бо мусоидати роҳбарияти Ҳукумати ноҳияи Рашт ва РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт санаи 31 январи соли 2023 дар ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод дар сатҳи баланд доир карда шуданд.
Зимни ҷамъомадҳо доир ба мавзӯҳои даъвати шаҳрвандон ҷиҳати аз нав бақайдгирии симкортҳо аз шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 ба шиносномаи намунаи соли 2014, сари вақт таъмин намудани хонандагони ба синни 16 расидаи муассисаҳои таълимӣ бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълумот дар бораи тартиби таҳияи шиноснома, номгӯи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, нархнома, имтиёзҳои муқарраргардида ва дигар паҳлӯҳои кори шиносномавию бақайдгирӣ ибрози назар карда шуд.
Х. Солиҳӣ