Дар Шуъбаи шиносномавию бақайдгирии аҳолӣ дар шаҳри Душанбе бо назардошти барфҳои зиёди боридаи фасли зимистон чорабинии шанбегии дастаҷамъона ташкил карда шуда, кормандон ба тозакунии барфҳои гирду атроф ва роҳрави кӯчаҳои ҳамшафат машғул гардиданд.
Дар ин рӯз тамоми ҳайати шахсӣ на танҳо дар тозагии ҳудуди бинои маъмурӣ, инчунин дар тозагии ҳуҷраҳои корӣ, толор ва иншоотҳои ёрирасон сафарбар шуданд.
Ҳайати шахсии шуъбаи мазкур тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри беҳтару хубтар ба роҳ мондани хизматрасониҳо ба мардум равона намудаанд.
Р. Қосимов