22 Ноябр, 2024

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ БОҶИ ДАВЛАТӢ” аз 28 феврали соли 2004, № 19

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №2, мод.51; с.2005, №12, мод.630; с.200б, №12, мод.541; с.2008, №6, мод.460, №12, қ.2, мод.1000; с.2009, №3, мод.88; с.2010, №1, мод.8, мод.10, №12, қ.1, мод.823; с.2012, №12, қ.1, мод.999; с.2013, №3, мод.190; с.2014, №7, қ.2, мод.408; с.2015, №11, мод.968, мод.969, мод.970; с,201б, №5, мод.368; с.2019, №4-5, мод.231; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2020, №1680)

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 115, аз 22.12.2006 № 217, аз 18.06.2008 № 402, аз 31.12.2008 № 466, аз 26.03.2009 № 495, аз 12.01.2010 № 584, аз 12.01.2010 № 586, аз 29.12.2010 № 664, аз 28.12.2012 № 905, аз 19.03.2013 № 947, аз 26.07.2014 № 1111, аз 23.11.2015 № 1247, № 1248, № 1249, аз 14.05.2016 № 1317, аз 4.04.2019 № 1603, аз 2.01.2020 № 1680, аз 04.07.2020 № 1709)

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлати” тартиби аз шахсони воқеи ва ҳуқуқи ситонидани боҷи давлатиро муқаррар ва танзим менамояд.

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

– боҷи давлатӣ – пардохти ҳатмӣ барои анҷом додани амалиёти дорои аҳамияти ҳуқуқи ё додани ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдоршуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– супорандагони боҷи давлатӣ – шахсони воқеи ва ҳуқуқие мебошанд, ки барои анҷом додани амалиёти аҳамияти ҳуқуқи дошта ва додани ҳуҷҷатҳо ба мақомоти ваколатдор, ки боҷи давлатиро меситонад, муроҷиат мекунанд;

– мақоми ваколатдори давлатӣ – мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатие, ки барои назорати воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 947);

– мақомоте, ки боҷи давлатиро меситонанд – мақомоте, ки мувофиқи ҳамин Қонун, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ситонидани боҷи давлати ваколатдор карда шудаанд.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи боҷи давлатӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи боҷи давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилали, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1680).

Моддаи 3. Объектҳои ситонидани боҷи давлатӣ

Боҷи давлатӣ ситонида мешавад:

– аз аризаҳои даъвогӣ, аризаҳо (шикоятҳо, шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратӣ), ки ба судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 905);

– барои анҷом додани амалиётҳои дорои аҳамияти ҳуқуқи дар мақомоти адлия, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 586, аз 29.12.2010 № 664, аз 2.01.2020 № 1680);

– барои анҷом додани амалиёти нотариали мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– барои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрванди мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– барои барраси ва додани ҳуҷҷатҳое, ки бо гирифтани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманданд;

– барои анҷом додани дигар амалиётҳои дорои аҳамияти ҳуқуқи, ки ҳамин Қонун муайян мекунад.

Моддаи 4. Андозаи боҷи давлатӣ

  1. Оид ба парвандаҳое, ки Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд, боҷи давлатӣ ба андозаи зерин ситонида мешавад:

1) аз дархости шахсони воқеӣ – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо

2) аз пешниҳоди мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ – ба андозаи даҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо

  1. Оид ба парвандаҳое, ки дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешаванд, боҷи давлатӣ ба андозаҳои зерин ситонида мешавад:

1) аз аризаҳои даъвогои дорои хусусияти молумулкӣ аз рӯи нархи даъво:

– то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо – 3% аз нархи даъво;

– аз 50 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо – 2% аз нархи даъво;

– аз 100 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо – 0,7% аз нархи даъво;

– зиёда аз 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо – 0,5 % аз нархи даъво;

2) аз аризаҳои даъвои дорои хусусияти ғайримолумулкӣ, ки предмети онҳо нархгузорӣ карда намешаванд:

– барои шахсони воқеӣ – 5% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– барои шахсони ҳуқуқӣ – ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

3) аз аризаҳои даъвогӣ дар бораи озод намудани амвол аз ҳабс – боҷ аз рӯи нархи даъво мутобиқи банди 1 ҳамин қисм муайян карда мешавад;

4) аз аризаҳои даъвогӣ оид ба баҳсҳои пеш аз шартномавӣ – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

  1. Аз аризаҳои даъвогӣ, ки ба судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, боҷи давлатӣ ба андозаҳои зерин ситонида мешавад

1) аз аризаҳои даъвогои дорои хусусияти молумулкӣ – 2 % аз нархи даъво;

2) аз аризаҳои даъво оид ба баҳсҳое, ки ҳангоми бастан, тағйир додан ё бекор кардани шартномаҳо ба амал меоянд ва оид ба баҳсҳо дар бораи беэътибор донистани аҳдҳо – андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

3) аз аризаҳои даъво дар бораи (пурра ё қисман) беэътибор донистани санадҳои ғайримеъёрии мақомоти давлатӣ:

– барои шахсони воқеӣ – ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– барои шахсони ҳуқуқӣ – ба андозаи даҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

4) аз аризаҳои даъвогии дигар, ки хусусияти молумулкӣ надоранд, аз ҷумла аз аризаҳо дар бораи эътирофи ҳуқуқ, маҷбур намудан ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳо дар шакли асл – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

5) аз аризаҳо дар бораи муфлис эътироф гардидани шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ:

– барои шахсони ҳуқуқӣ – ба андозаи даҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– барои соҳибкорони инфиродӣ – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо

6) аз аризаҳо дар бораи муқаррар намудани далелҳое, ки аҳамияти ҳуқуқӣ доранд – ба андозаи секаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

7) аз аризаҳо дар бораи ба парванда ворид гардидани шахсони сеюм, ки нисбат ба предмети баҳс талаботи мустақили худро пешниҳод менамояд, ки мутобиқи андозаи боҷи давлатӣ, ки барои аризаи даъвогии дорои хусусияти ғайримолумулкӣ пешбини шудааст, нисбати баҳсҳои дорои хусусияти молумулкӣ – тибқи тартиби муқаррарнамудаи банди якуми ҳамин қисм, ки андозаи маблағи баҳсшаванда барои шахсони сеюм ҳисоб карда мешавад;

8) аз шикоятҳои, кассатсионӣ ва назоратӣ нисбати ҳалнома ва қарорҳои суди иқтисодӣ ва ҳамчунин нисбати таъинот дар бораи қатъ намудани истеҳсоли парванда, бе баррасӣ мондани даъво, дар бораи таъини ҷаримаҳои судӣ, рад кардани додани варақаи иҷро – 50 % аз андозаи боҷи давлатӣ, ки ҳангоми додани аризаи даъвогӣ ситонида мешавад.

  1. Барои аризаи даъвогие, ки ҳамзамон дорои хусусияти молумулкӣ ва ғайримолумулкӣ мебошад, дар як вақт боҷи давлатӣ барои аризаи даъвогии дорои хусусияти молумулкӣ ва ғайримолумулкӣ муқарраргардида ситонида мешавад.
  2. Барои анҷом додани амалҳои дорои аҳамияти ҳукуқӣ дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин боҷи давлати ба андозаи зерин ситонида мешавад:

1) барои бақайдгирии давлатии ташкилотҳои динии ҷумҳурияви – ба андозаи 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

2) барои бақайдгирии давлатии ташкилотхои динии ноҳиявӣ ё шаҳрӣ- ба андозаи 25 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

3) барои азнавбақайдгирии ташкилотҳои динӣ                                      ба андозаи 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 664).

  1. Барои анҷом додани амалҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он боҷи давлатӣ ба андозаи зерин ситонида мешавад:

1) барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалӣ ва қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳои онҳо – ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1111);

2) барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ – ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

3) барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллӣ – ба андозаи 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

4) барои қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ – ба андозаи 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1111);

5) барои додани шаҳодатнома дар бораи ворид намудани тагйиру иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои таъсисии иттиҳодияҳои ҷамъияти (азнавбақайдгирӣ) новобаста ба мақоми онҳо ва филиалу намояндагиҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба андозаи 50 фоизи боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирй ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 664);

6) барои бақайдгирии давлатии ҳизбҳои сиёсӣ – ба андозаи 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

7) барои додани нусхаи тасдиқкардашудаи (дубликати) шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ – ба андозаи 50 фоизи боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирии таъсисёбии субъект пешбинӣ карда шудааст;

8) барои додани иқтибос аз Феҳрист дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва қатъи фаъолияти филиалу намояндагиҳои онҳо – ба андозаи 50 фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1709);

9) барои додани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии созишномаҳои консессионӣ – ба андозаи 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 586);

10) барои бақайдгирии давлатии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – ба андозаи 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016  № 1317);

11) барои бақайдгирии давлатии мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016  № 1317);

12) барои бақайдгирии бюрои адвокатӣ – ба андозаи 8 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016  № 1317);

13) барои азнавбақайдгирии бюрои адвокатӣ – ба андозаи 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016  № 1317);

14) барои барҳамдиҳии бюрои адвокатӣ – ба андозаи 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016  № 1317);

15) барои бақайдгирии коллегияи адвокатҳо – ба андозаи 6 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016  № 1317);

16) барои азнавбақайдгирии коллегияи адвокатҳо – ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016  № 1317);

17) барои барҳамдиҳии коллегияи адвокатҳо – ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016  № 1317);

18) барои бақайдгирии маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ – ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016  № 1317);

19) барои азнавбақайдгирии маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ – ба андозаи 1,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016  № 1317);

20) барои барҳамдиҳии маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ – ба андозаи 1,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016  № 1317);

21) барои бақайдгирии кабинети адвокатӣ – ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016  № 1317);

22) барои азнавбақайдгирии кабинети адвокатӣ – ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016  № 1317);

23) барои барҳамдиҳии кабинети адвокатӣ – ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016  № 1317);

24) барои ворид намудан ба Феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ – ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016  № 1317);

25) барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи ягонаи адвокатӣ – ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016  № 1317);

26) барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи ягонаи ташкилотҳои адвокатӣ – ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016  № 1317);

27) барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои ҷopиҷӣ – ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016  № 1317, аз 04.07.2020 № 1709).

  1. Барои анҷом додани амалиётҳои нотариалӣ боҷи давлатӣ ба андозаи зерин ситонида мешавад:

1) барои тасдиқ намудани шартномаҳои аз соҳибӣ соқит кардани (хариду фурӯш, ҳадя, иваз ва ғайра) ва додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи мерос ба молу мулки ғайриманқул (ҳавлиҳои истиқоматӣ, хонаҳо, бӯстонсаройҳо, иншоот ва молу мулки дигари ғайриманқул ё қисми онҳо), ба истиснои ниҳолҳои бисёрсола ва молу мулки ғайриманқули дигаре, ки тасдиқи он тибқи банди 6) қисми мазкур ба амал бароварда мешавад, барои як метри мураббаи масоҳати умумӣ ба андозаи (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 495).

а) барои фарзандон, аз ҷумла фарзандхонд, ҳамсар, падару модар дар (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1248):

– шаҳри Душанбе – 10 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– шаҳри Хуҷанд – 7 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Хоруғ – 5 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– дигар шаҳрҳо ва шаҳракҳо – 2 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– деҳот – 1 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

б) барои бародарон, хоҳарон, набераҳо, бобо, бибӣ дар:

– шаҳри Душанбе – 20 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– шаҳри Хуҷанд – 15 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Хоруғ – 10 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– дигар шаҳрҳо ва шаҳракҳо – 5 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– деҳот – 2 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

в) барои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар:

– шаҳри Душанбе – 40 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– шаҳри Хуҷанд – 30 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Хоруғ – 20 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– дигар шаҳрҳо ва шаҳракҳо – 10 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– деҳот – 5 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

2) барои тасдиқи шартномаҳои аз соҳибӣ соқит кардани (хариду фурӯш, ҳадя, иваз ва ғайра) воситаҳои нақлиёт ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

3) барои тасдиқи шартномаҳои гарав – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

4) барои тасдиқи шартномаҳои иҷораи молиявӣ (лизинг) ба андозаи 50 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– барои тасдиқи шартномаҳои иҷора ва қарз ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

5) барои тасдиқи шартномаҳои замонат – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

6) барои тасдиқи шартномаҳои дигаре, ки предмети онҳо нархгузорӣ карда намешаванд – ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои тасдиқи шартномаҳои дигаре, ки предмети онхо нархгузорӣ карда мешаванд, ба истиснои банди 4) ҳамин қисм – ба андозаи 1 фоиз аз маблағи шартнома, вале на кам аз 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 586).

7) барои тасдиқи васиятномаҳо – 20% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

8) дар бораи додани шаҳодатнома барои ҳуқуқи моликият – ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

9) барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос, ба истиснои молу мулки ғайриманқуле, ки дар банди 1) қисми шашуми моддаи мазкур пешбинӣ шудааст (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 495):

– ба меросхӯрони навбати аввал – 0,5 % аз маблағи мерос;

– барои меросхӯрони навбати дуюм – 1% аз маблағи мерос;

– барои меросхурони навбати сеюм – 1,5% аз маблағи мерос;

– барои меросхӯрони дигар – 2 % аз маблағи мерос;

10) барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос нисбати амволи дар хориҷа буда, ҳангоми муайян намудани арзиши ниҳоии амволи мерос, ки пардохти он бояд дар каламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад:

барои меросхӯрони навбати аввал – 1 % аз маблағи мерос;

барои меросхӯрони навбати дуюм – 1,5% аз маблағи мерос;

барои меросхӯрони навбати сеюм – 2 % аз маблағи мерос;

барои меросхурони дигар – 3% аз маблағи мерос;

11) барои чорабиниҳо оид ба ҳифзи амволи меросӣ – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

12) барои тасдиқи ваколатномаҳои ҳуқуқи истифода ва (ё) ихтиёрдории амвол (ба истиснои банди 13 ҳамин қисми):

– барои фарзандон, аз чумла барои фарзандхонд, ҳамсар, падару модар – 25 % аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1248);

– барои бародарон, хоҳарон, набераҳо, бобо, бибӣ – 50% нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– барои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

13) барои тасдиқи ваколатномаҳои ҳуқуқи истифода ва (ё) ихтиёрдории воситаҳои наклиёти автомобилӣ:

– барои фарзандон, аз ҷумла барои фарзандхонд, ҳамсар, падару модар – 25% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1248);

–  барои бародарон, хоҳарон, набераҳо, бобо, бибӣ – 50% нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– барои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати тасдиқи ваколатномаҳои ҳуқуқи истифодаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ – ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои ҳуқуқи ихтиёрдории онҳо – ба андозаи понздаҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1249).

14) барои тасдиқи ваколатномаҳои дигар – 20% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

15) барои тасдиқи саҳеҳии тарҷумаи ҳуҷҷат аз як забон ба забони дигар – 5% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як саҳифаи ҳуҷати тарҷумашуда; (ҚҶТ аз 19.03.13с.,№947)

16) барои эътироз оид ба пардохт нашудани вексел, ғайриаксепт будани он, набудани санаи акссепт ва барои тасдиқи напардохтани чек – 1 % аз маблағи пардохт нагардида;

17) барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо – 5% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

18) барои дурустии тасдиқи нусхаи ҳуҷҷатҳо, ки дар парвандаҳои идораҳои нотариалии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, муассисаҳои консулӣ нигоҳ дошта мешаванд ва ҳамчунин иқтибоси ҳуҷҷатҳо – 2% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои нусхабардории ҳар саҳифаи ҳуҷҷат ё нусхабардошташуда;

19) барои тасдиқи дурустии нусхаҳои ҳуҷҷатҳои дигар ва барои тасдиқи иктибоси ҳуҷҷатҳо (ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар банди 18 кисми мазкур нишондодашуда) -2% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як саҳифа;

20) барои тасдиқи асли имзо: дар ариза ва дигар ҳуҷҷатҳо (ба истиснои варақаҳои бонкӣ) – 3% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо; дар варақаҳои бонкӣ (барои имзои ҳар як варақа) – 3% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

21) барои додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи моликият ба қисми амвол, ки моликияти умумии зану шавҳар мебошад ва дар давраи заношӯи ҷамъ кардаанд, аз ҷумла дар бораи додани шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият дар ҳолати вафот кардани яке аз ҳамсарон – 10% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

22) барои додани нусхаи такрории ҳуҷҷатҳое, ки дар идораи нотариалии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, муассисаҳои консулӣ нигоҳ дошта мешавад – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

23) барои тасдиқ кардани шартномаи аз соҳибӣ соқиткунии амволи ғайриманқул ва дигар амволи бақайдгирифташаванда, ки ба воситаи музояда (тендер) фурӯхта мешавад – ба андозаидукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

24) барои ба ҷо овардани номаҳои иҷро – 3% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

25) барои ба ҷо овардани эътирози баҳрӣ – ба андозаи секаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

26) барои додани шаҳодатнома дар бораи дар ҳаёт будани шахс (шаҳрванд) – 20% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

27) барои додани шаҳодатнома дар бораи дар ҷойи муайян будани шахс (шаҳрванд) – 20% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

28) барои додани шаҳодатнома дар бораи айнияти шахс (шаҳрванди) дар сурати фотографӣ аксёфта – 20 % аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

29) барои тасдиқи вақти додани ҳуҷҷатҳо – 10% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

30) барои расонидани муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – 10% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

31) барои қабули маблағ ва қоғази қиматнок ба амонат (депозит) – 10% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

32) барои таъмини далелҳо – 50% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

  1. Барои амалиёти нотариалие, ки берун аз бинои идораи нотариалӣ ба ҷо оварда мешавад, боҷи давлатӣ ду баробар зиёд ситонида шуда, инчунин хароҷоти воқеӣ, ки ба сафар ба маҳалли ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ вобаста аст, пардохта мешавад.
  2. Аз рӯи шартномаҳои мубодилаи амволи ғайриманқуле, ки дар банди 1) қисми шашуми моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, андозаи боҷи давлатӣ аз масоҳати ҳамон амволи ғайриманқуле муайян карда мешавад, ки масоҳати умумии он зиёд мебошад. Ҳамзамон, барои ситонидани боҷи давлатӣ меъёрҳое татбиқ карда мешаванд, ки барои маҳалли тасдиқгардидаи шартномаи мубодила муқаррар шудаанд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 495).
  3. Барои ҳисоб намудани андозаи боҷи давлатӣ ҷиҳати додани шаҳодатномаи ҳуқуқи мерос ба молу мулк, ба истиснои молу мулки дар банди 1) қисми шашуми ҳамин модда пешбинишуда, арзиши ҳамин молу мулкро нархгузор муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 495).
  4. Барои додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи мерос ба молу мулк, ки предмети онҳо нархгузорӣ карда намешавад – ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 495).
  5. Ҳангоми тасдиқи аҳдҳо, ки бо асъори хориҷӣ ҳисобу китоб карда мешаванд, ҳамчунин дар ҳолатҳое, ки асъори хориҷӣ предмети мерос мебошад, андозаи боҷи давлатӣ аз асъори миллӣ бо қурби муайянкардаи Бонки миллии Точикистон, ки дар рӯзи пардохти боҷи давлатӣ амал мекунад, ҳисоб карда мешавад.
  6. Барои анҷом додани амалиётҳои вобастаи барасмиятдарории асноди ҳолати шаҳрвандӣ боҷи давлатӣ ба андозаҳои зерин ситонида мешавад:

1) барои сабти ақди никоҳе, ки агар яке аз тарафҳо шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошад – ба андозаи панҷкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 947);

2) барои сабт ва додани шаҳодатнома дар бораи бекор кардани никоҳ:

бо розигии зану шавҳар, ки фарзандони ноболиғ надоранд – ба андозаиякунимкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

бо қарори суд дар бораи бекор кардани никоҳ – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

бо шахсоне, ки бо тартиби муқарраргардида бедарак ё дар натиҷаи касалии рӯҳӣ ва ё камақлӣ ғайриқобили амал эътирофшуда, ё бо шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноят ба муддати на камтар аз се сол маҳкум шудаанд – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

3) барои таҳияи хулоса ва барои додани шаҳодатномаҳо вобаста ба тағйир додан, илова намудан ва барқарор кардани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бораи таваллуд, бастани ақди никоҳ, бекор кардани никоҳ, дар бораи вафот – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

4) барои додани шаҳодатномаи такрорӣ дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

5) Барои додани шаҳодатномаи дигар кардани ном, номи падар насаб (фамилия)- ба андози дукаратаи ҳадди ақали музди меҳнат.

  1. Барои баррасӣ ва додани ҳуҷҷатҳои соҳиб шудан вобаста ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон боҷи давлатӣ ба андозаҳои зерин ситонида мешаванд:

1) барои додани шиносномаи хориҷӣ (умумишаҳрвандӣ) ё дароз намудани мӯҳлати эътибори он – ба андозаи якунимкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

2) барои додани раводид ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ зиндагӣ мекунад, ҷиҳати рафтан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё барои дароз намудани мӯҳлати эътибори раводид – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

3) барои ба қайд гирифтани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – 25% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

4) барои додан ва дароз намудани мухлати эътибори раводид бо шиносномаи хориҷӣ ё ҳуҷҷати онро ивазкунанда ба шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки муваққатан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, барои:

рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон – ба андозаи чоркаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд омадан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон – ба андозаи чоркаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

5) барои додани раводидҳои чандинкаратаи Ҷумҳурии Тоҷикистон – ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

6) барои додани ҳуҷҷат оид ба даъвати шахсон аз дигар давлатҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як даъватшаванда;

7) барои ворид намудани баъзе тағйиротҳо (ба истиснои дароз намудани мӯҳлати эътибори раводид) ба ҳуҷҷати каблан додашуда барои рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омадан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

8) барои додан ё дароз намудани иҷозатномаи зисти шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд – ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

9) барои бақайдгирӣ ё дароз намудани мӯҳлати амали бақайдгирии шиносномаи хориҷӣ ё ҳуҷҷати онро ивазкунанда – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

10) барои ба ивази шиносномаи хориҷӣ гумшуда ё вайронгардида, раводид, ҳуҷҷати даъват ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷозати зист ё шаҳодатнома барои сафар ба хориҷа додани ҳамин гуна ҳуҷҷат – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

11) аз ариза ва дархости ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудан, аз нав кабул кардан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо аризаҳо оид ба муайян намудани мансубияти шаҳрвандӣ – ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

  1. Барои барасмиятдарории дигар амалиётҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ боҷи давлатӣ бо андозаҳои зерин ситонида мешавад:

1) барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқи шикор ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – ба андозаи даҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

2) барои амалиёте, ки дар биржаҳои тиҷоратӣ, ашёи хом, асъор ва биржаҳои дигар анҷом меёбанд:

аз ҳаҷми аҳди то 500 ҳазор сомонӣ – 0,5 % аз маблағи аҳд;

аз ҳаҷми аҳди аз 500 ҳазор сомонӣ то 1000000 сомонӣ – 0,2 % аз маблағи аҳд;

аз ҳаҷми аҳди зиёда аз 1 млн. сомонӣ – 0,1 % аз маблағи аҳд;

3) барои фурӯхтани ҷои брокер – 0,5 % аз маблағи воқеии аҳди басташуда;

4) барои муомилоти коғазҳои қимматнок:

– барои бақайдгирии давлатии барориши қоғазҳои қиматноки ғайридавлатӣ – 0,15% аз ҳаҷми барориши мазкур (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1317);

– барои бастани аҳд – 1 сомонӣ аз ҳар 1 ҳазор сомонии аҳди басташуда;

5) барои гузаронидани музояда – 0,2% аз нархи ибтидоии умумии ҳаҷми моле, ки ба фурӯш гузошта шудааст;

6) барои аҳдҳое, ки дар музояда анҷом меёбанд – 0,1% аз нархи аҳди басташуда;

7) барои харидани амволи корхонаҳои давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон – 0,5% аз маблағи амволи харидашаванда;

8) барои гузоридани санчиши бадеии сарватҳои фарҳангӣ – андозаи панҷкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

9) барои гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои расмии мақо-моти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 62,5% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар ҳуҷҷат аз шахсони воқеӣ ва 125% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар ҳуҷҷат аз шахсони ҳуқуқӣ (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1247).

Моддаи 5. Имтиёзҳои пардохти боҷи давлатӣ

  1. Ҳангоми баррасии парвандаҳо дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд:

1) шаҳрвандон – аз рӯи даъвоҳои ситонидани маош (таъминоти пули) ва дигар талаботе, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи меҳнати бармеоянд;

2) даъвогарон – аз рӯи баҳсҳои муаллифи, муаллифон – тибқи даъвое, ки аз ҳуқуқи ҳаммуаллифи, ҳуқуқи ихтироъ, намунаи муфид, намунаҳои саноати, инчунин аз дигар ҳуқуқҳо, ки аз моликияти зеҳни бармеоянд;

3) даъвогарон – аз рӯи даъвои руёнидани алимент;

4) даъвогарон – аз рӯи даъвоҳои ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи маъюб шудан ё дигар зарар ба саломати, инчунин фавти саробон расонида шудааст;

5) мақомоти суғуртаи иҷтимои ва мақомоти ҳифзи иҷтимои – аз рӯи даъвоҳои мутақобил (регресси) аз зараррасон ситонидани мабла(и кӯмакпулиҳо ва нафақа, ки ба ҷабрдида пардохта шудааст ва мақомоти ҳифзи иҷтимои – инчунин аз рӯи даъвои дар бораи руёнидани кӯмакпули ва нафақаи нодуруст пардохташуда;

6) даъвогарон – аз рӯи даъвоҳои талофи намудани зарари моддии дар натиҷаи ҷиноят расонидашуда;

7) шахсони воқеи ва ҳуқуқи – барои ба онҳо додани ҳуҷҷатҳои вобаста ба парвандаҳои ҷинояти ва парвандаҳо оид ба руёнидани алимент;

8) тарафҳо – аз шикояти кассатсиони оид ба парвандаи бекор кардани ақди никоҳ;

9) прокурор, мақомоти ҳокимияти давлати ва дигар мақомот, ки дар ҳолати пешбининамудаи қонун барои ҳифзи манфиати давлат ва ҷамъият муроҷиат мекунанд;

10) мақомоти корҳои дохили ҳамчун даъвогар – аз рӯи парвандаҳои ситонидани хароҷот доир ба ҷустуҷӯи шахсоне, ки аз пардохти алимент ва дигар пардохтҳо саркаши мекунанд, инчунин оид ба парвандаҳои ҷуброни хароҷоти иловаги ҷиҳати ба пешгирии фирори гумонбаршудагон ва ё айбдоршавандагон, ки дар маҳбас нигоҳ дошта мешаванд, инчунин кофтукови онҳо ва табобат ҳангоми зарар ба саломатии худ;

11) муассисаҳо ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷинояти – аз рӯи даъвоҳои ҷуброни хароҷоти иловаги вобаста ба пешгирии фирори гумонбаршудагон ё айбдоршавандагони дар ҳабс буда, ҳамчунин ҷустуҷӯи шахсони ба маҳдудияти озоди, ҳабс ё маҳрум кардан аз озоди маҳкумшуда ва табобати онҳо дар ҳолати қасдан расондани зарар ба саломатии худ;

12) мақомоти андоз, гумрук ва молия, Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва мақомоти назорати асъор ва содирот ҳамчун даъвогарону ҷавобгарон – аз рӯи даъвоҳои ситонидани андозҳо, рӯёнидани кредитҳои давлати ва дигар пардохтҳои ҳатми ба буҷет ва баргардонидани онҳо аз буҷет (Қонуни ҶТ аз 22.12.2006 № 217, аз 12.01.2010 № 584);

13) мақомоти ҳокимияти давлати ва дигар мақомоте, ки дар ҳолати пешбининамудаи қонун барои ҳифзи манфиатҳои давлатию ҷамъияти муроҷиат мекунанд, инчунин шахсони ҳуқуқи ва шаҳрвандон, ки дар ҳолати пешбининамудаи қонун барои ҳимояи ҳуқуқҳои ҳифзкунандаи қонун ва манфиатҳои шахсони дигар муроҷиат мекунанд – дар сурати қонеъ гардонидани даъвои онҳо;

14) шахсони воқеи ва ҳуқуқи – ҳангоми ба суд додани ариза дар мавриди батаъхирандози ё дароз намудани мӯҳлати иҷрои қарорҳо оид ба та(йирёбии тарз ва тартиби иҷрои қарорҳо, барқарорсозии мӯҳлатҳои гузашта, аз нав барраси намудани қарорҳо, таъинот ва қарори суд оид ба ҳолатҳои нав ошкоршуда, дар хусуси аз нав барраси намудани қарори (оибонаи суде, ки онро баровардааст;

15) шахсони воқеи ва ҳуқуқи – ҳангоми шикоятҳо ба амалҳои иҷрокунандаи суди, инчунин шикоятҳо нисбати қарорҳо ба парвандаҳо доир ба ҳуқуқвайронкунии маъмурии аз ҷониби мақомоти ваколатдор баровардашуда;

16) шахсони воқеи ва ҳуқуқи – ҳангоми додани шикоятҳои хусуси нисбат ба таъиноти суд, аз ҷумла оид ба таъмини даъво ё иваз намудани як навъи таъминот ба таъминоти дигар, оид ба қатъ ё боздоштани парвандаҳо, оид ба рад кардани зиёд ё кам намудани ҳаҷми ҷаримае, ки суд таъин намудааст;

17) шаҳрвандон – аз рӯи шикоятҳои кассатсиони оид ба парвандаҳои ҷиноятие, ки дурустии ситонидани зарари модди дар натиҷаи ҷиноят расонидашуда мавриди баҳс қарор гирифтааст;

18) шаҳрвандон – ҳангоми тасдиқи дурустии нусхаҳои ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани ёрдампулиҳо ва нафақаҳои давлати заруранд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1248).

19) маъюбон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватани ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда – аз рӯи даъвоҳои барқароркунии ҳуқуқҳояшон (Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 115, аз 23.11.2015 № 1248);

20) шаҳрвандон – ҳангоми ба суд пешниҳод намудани ариза оид ба фарзандхондӣ (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1248);

21) Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ – аз рӯи даъвоҳои ситонидани ҳаққи узвият, пардохтҳои тақвимӣ ва ноустуворона аз ташкилотҳои қарзии аъзои Хазина (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1603).

  1. Ҳангоми баррасии парвандаҳо дар судҳои иқтисоди аз пардохти боҷи давлати озод карда мешаванд:

1) прокурор, мақомоти ҳокимияти давлати ва дигар мақомоте, ки дар ҳолати пешбининамудаи қонун барои ҳифзи манфиати давлати ва ҷамъияти муроҷиат мекунанд;

2) мақомоти молия, мақомоти андоз, гумрук ва молия, Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва мақомоти назорати асъор ва содирот, ки ба сифати даъвогару ҷавобгар баромад мекунанд (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 584);

– аз рӯи даъвоҳои ситондани андозҳо рӯёнидани кредитҳои давлати ва дигар пардохтҳои ҳатми ба буҷети дахлдор ва баргардонидани онҳо аз буҷети дахлдор, ба истиснои ҳолатҳое, ки мақомоти мазкур тарафе мебошанд, ки пештар ба фоидаи онҳо қарор бароварда нашудааст (Қонуни ҶТ аз 22.12.2006 № 217);

3) Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ – аз рӯи даъвоҳои ситонидани ҳаққи узвият, пардохтҳои тақвимӣ ва ноустуворона аз ташкилотҳои қарзии аъзои Хазина (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1603).

  1. Аз пардохти боҷи давлати дар мақомоте, ки амалҳои нотариалиро иҷро мекунанд, озод карда мешаванд:

1) мақомоти ҳокимияти давлати ва дигар мақомоте, ки дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун – барои анҷом додани амали нотариали барои ҳифзи манфиатҳои давлати ва ҷамъияти муроҷиат намудаанд;

2) шаҳрвандон – ҳангоми тасдиқи дурустии нусхаи ҳуҷҷатҳо, асли будани имзоҳо дар ҳуҷҷатҳо, барои тасдиқи ваколатномаҳо, ки барои гирифтани нафақа ва кӯмакпули, пешниҳоди имтиёзҳо заруранд, ҳамчунин оид ба парвандаҳои васоят ва фарзандхондӣ (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1248);

3) шаҳрвандон – барои тасдиқи васиятнома ва шартномаҳои тӯҳфаи амвол ба фоидаи давлат;

4) ворисони то рӯзи меросгири ба бало(ат нарасида, инчунин шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳи, ки бо тартиби пешбининамудаи қонунгузори ба онҳо васоят муқаррар гардидааст, ҳангоми гирифтани шаҳодатномаи ҳуқуқи меросгири дар тамоми ҳолатҳо сарфи назар аз навъи амволи мероси;

5) мақомоти молия, андоз ва гумрук барои додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи давлат ба мерос (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 584).

6) меросхӯроне, ки то рӯзи кушода шудани мерос дар манзили истиқоматии меросӣ бо меросгузор якҷоя истиқомат мекарданд ва то рӯзи вафоти меросгузор дар манзили истиқоматии меросӣ қайди истиқомат доранд (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 586).

  1. Дар мақомоти бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрванди аз пардохти боҷи давлати озод карда мешаванд:

1) мақомоти маориф, васоят ва парастори, комиссия оид ба корҳои ноболи(он – барои додани шаҳодатномаҳои такрории таваллуд оид ба фиристодани кӯдакони ятим ва кӯдакони аз парастории падару модар маҳрумгардида ба хонаҳои кӯдакон ва мактаб – интернатҳо, инчунин шаҳодатнома дар бораи вафоти падару модари ин кудакон;

2) шаҳрвандон – барои бақайдгирии давлати ва додани шаҳодатномаҳои дахлдори таваллуд (бо назардошти гузаштани мӯҳлати бақайдгирии таваллуди кӯдак (азнавбарқароркуни), вафот, ақди никоҳ (ба истиснои шаҳрвандони хориҷи ва шахсони бешаҳрванд), фарзандхондӣ муқаррар намудани падари (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1248);

3) шаҳрвандон – барои ба онҳо додани маълумот дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрванди, ки ҷиҳати пешниҳод ба мақомоти ҳифзи иҷтимои заруранд, оид ба масъалаҳои таъин намудан ё аз нав ҳисоб кардани нафақа ва кӯмакпулиҳо;

4) шаҳрвандон – барои ба онҳо додани шаҳодатномаҳои такрори ё иваз намудани шаҳодатномаҳои ба онҳо додашуда оид ба фавти хешовандони сафедкардашуда.

  1. Аз парвандаҳои вобаста ба хориҷ шудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои додани шиносномаҳои дипломати, хизмати ва дигар ҳуҷҷатҳои ба хориҷа сафар намудан шахсони зерин аз пардохти боҷи давлати озод карда мешаванд:

1) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – барои додани шиносномаҳои дипломати ва хизмати;

2) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – барои ба онҳо додани ҳуҷҷатҳои ба хориҷа сафар намудан, агар сафари онҳо ба марг ё зиёрати қабри хешовандони наздик вобаста бошад, инчунин барои додани ҳуҷҷатҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намудани шахсони дар дигар мамлакатҳо истиқоматкунанда, вобаста ба марг ё бемории вазнини хешовандони наздик;

3) хориҷиёне, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо паноҳгоҳи сиёси додааст ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, аъзои оилаи онҳо ва фарзандони онҳо – барои ба онҳо додани ҳуҷҷатҳои сафар ба хориҷа;

4) шаҳрвандони хориҷии муваққатан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада барои додан ва дароз намудани гувоҳномаи иқомат, бақайдгири ва дароз намудани мӯхлати бақайдгирии шиносномаҳои хориҷӣ ё ҳуҷҷатҳои ивазкунандаи онҳо, инчунин барои додани ҳуҷҷатҳо оид ба даъвати дигар шахсон аз дигар мамлакатҳо бо шартҳои мутақобил;

5) шахсони ба синни шонздаҳсолаги нарасида – барои ба онҳо додани ҳуҷҷатҳои сафар ба хориҷа;

6) сайёҳони хориҷи – барои бақайдгирии шиносномаҳои хориҷӣ.

  1. Аз пардохти боҷи давлатӣ барои бақайдгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳали истиқоматии онҳо, инчунин барои бақайдгирии шаҳрвандони хориҷи ва шахсони бешаҳрванд, ки бо гувоҳномаи иқомат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, инҳо озод карда мешаванд:

1) шахсоне, ки дар хона-интернатҳо барои кӯҳансолон ва маъюбон зиндаги мекунанд;

2) хонандагони муассисаҳои таълимии барои кӯдакони ятим ва кӯдакони аз парастории падару модар маҳрумгашта ва муассисаҳои маълумоти касби – техникии ибтидоии дар таъминоти пурраи давлати буда ва дар хобгоҳҳо зиндагикунанда.

  1. Барои барасмиятдарории дигар амалиётҳои дорои аҳамияти ҳуқуқи аз пардохти боҷи давлати озод карда мешаванд:

1) мақомоти ваколатдор – аз рӯи даъвоҳо оид ба ситонидани зарари ба давлат расонидашуда аз ифлос намудани муҳити зист ва (айриоқилона истифода намудани захираҳои табий;

2) даъвогарон – мақомоти андоз, гумрук ва молия, Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа – аз рӯи даъвоҳо дар хусуси ба буҷет ситонидани мабла(ҳое, ки аз ҷониби корхонаю ташкилотҳо бо аҳдномаҳои (айриқонуни гирифта шудааанд, оид ба ситонидани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатми, ки сари вақт аз тарафи шаҳрвандон супорида нашудаанд, оид ба барҳам додани корхона, ё манъ кардани маш(улияти фаъолияти соҳибкори (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 584);

3) мақомоти ваколатдор – аз рӯи даъвоҳои беэътибор донистан ва бекор намудани аҳдномаҳо ва ситонидани мабла(ҳои вобаста ба хусусигардони.

4) мақомоти ваколатдор – аз рӯи даъво оид ба вайронкунии қонунгузории замин;

5) осорхонаҳо, бойгониҳо, китобхонаҳо, хазинаҳо ва дигар маҳфузгоҳҳои давлатии сарватҳои фарҳанги, ки дар ҳолати муваққатан ба намоишгоҳҳо баровардани сарватҳои фарҳангие, ки дар ҳифзи доимии онҳо мебошанд;

6) ансамблҳои давлатии мусиқи, мутрибону навозандагон барои соз ва воситаҳои техникие, ки муваққатан барои гастрол бароварда мешавад.

  1. Дар ҳолатҳои бо ташаббуси давлат ҷори гардидани азнавбақайдгирии умумии шахсони ҳуқуқи ё ба Оинномаи (Низомномаи) онҳо ворид намудани тағйироту иловаҳои барои тамоми шахсони ҳуқуқи ҳатми шахсони ҳуқуқи аз пардохти боҷи давлати озод мебошанд.
  2. Барои анҷом додани амалҳои бақайдгирии давлатӣ дар мақомоти андоз боҷи давлатӣ ситонида намешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1680).

Моддаи 6. Тартиби пардохт ва баргардонидани боҷи давлатӣ

  1. Боҷи давлатӣ бо асъори милли дар бонкҳо (филиалҳои онҳо), ҳамчунин тавассути интиқоли мабла(ҳои боҷи давлатӣ аз ҳисоби боҷсупоранда ба воситаи бонкҳо (филиалҳои онҳо) пардохта мешавад. Қабули боҷи давлати аз ҷониби бонкҳо (филиалҳои онҳо) дар ҳамаи ҳолатҳо бо додани шакли муқарраргардидаи квитансия амали мегардад.
  2. Боҷи давлати пардохта мешавад:

1) аз рӯи парвандаҳое, ки аз тарафи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегарданд – то пешниҳод намудани аризаи дахлдор (шикоятҳои кассатсионӣ ё назоратӣ), ҳамчунин ҳангоми аз тарафи судяҳо додани нусхаҳои ҳуҷҷатҳо (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 905);

2) барои анҷом додани амалиётҳои дорои аҳамияти ҳуқуқи дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 586, аз 2.01.2020 № 1680);

3) барои иҷрои амалиётҳои нотариали – ҳангоми иҷрои амалиётҳои нотариали, барои додани нусхаҳои ҳуҷҷатҳо бошад – ҳангоми супоридани онҳо;

4) барои сабти давлатии санадҳои ҳолати шахрванди оид ба ворид намудани ислоҳу та(йирот дар сабти асноди ҳолати шаҳрванди- ҳангоми додани аризаҳои дахлдор;

5) барои додани шаҳодатномаи такрори ва гувоҳнома – ҳангоми додани онҳо;

6) барои сабти давлатии бекоркунии ақди никоҳ аз рӯи ризоияти дутарафаи ҳамсарон, ки фарзандони ноболи(и умуми надоранд – ҳангоми сабти санад;

7) барои қайди шаҳрвандони хориҷи ва шахсони бешаҳрванд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи гувоҳномаи иқомат истиқомат доранд – то супоридани ҳуҷҷатҳои дахлдор;

8) барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба шикор ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии соҳибкори инфироди – то супоридани ҳуҷҷатҳои дахлдор;

9) аз рӯи парвандаҳое, ки бо соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин хориҷ шудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воридшави ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аст – то гирифтани ҳуҷҷатҳои дахлдор;

10) аз рӯи амалиётҳое, ки дар биржаҳо бо қоғазҳои қимматнок, ҳангоми харидани амволи корхонаҳои давлати доир мегарданд – ҳангоми иҷро;

11) барои гузаронидани музояда ва гузаронидани экспертизаи сарватҳои фарҳангӣ – то гузаронидани он.

  1. Боҷи давлати пурра ба Буҷети давлати ворид карда мешавад. Дастурамал оид ба ҳисоб ва пардохти боҷи давлатӣ, инчунин шаклҳои ҳисоботи мақомоте, ки боҷи давлатиро меситонанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. Боҷи давлатии пардохташуда дар ҳолатҳои зерин қисман ё пурра баргардонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 947):

1) ба андозаи зиёд ворид намудани боҷи давлати назар ба андозае, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст;

2) баргардонидан ё рад намудани қабули аризаҳо, шикоятҳо ва ё муроҷиати дигар аз ҷониби судҳо, ҳамчунин рад намудани иҷрои амалиётҳои нотариали аз ҷониби мақомоти ваколатдор;

3) дар ҳолати рад кардани иҷрои амалиёти дорои аҳамияти ҳуқуқӣ ё гирифтани ҳуҷҷат аз ҷониби шахси боҷи давлатиро пардохта – то муроҷиат ба мақомоте, ки амалиёти дорои аҳамияти ҳуқуқии мазкурро иҷро менамояд.

4) рад кардани додани шиносномаи хориҷӣ (умумишаҳрванди).

  1. Агар барои анҷом додани амалиёти дорои аҳамияти ҳуқуқӣ ё додани ҳуҷҷат якбора якчанд шахс, ки ҳуқуқи имтиёз надоранд, муроҷиат намоянд боҷи давлати дар ҳаҷми пурра ва саҳмҳои баробари онҳо бо мувофиқаи тарафҳо супорида мешавад. Дар ҳолате, ки агар дар байни шахсони барои анҷом додани амалиётҳои дорои аҳамияти ҳуқуқи ё барои додани ҳуҷҷатҳо муроҷиаткунанда як шахс (якчанд шахс) мутобиқи қонуни мазкур аз пардохти боҷи давлати озод бошад (озод бошанд), пас ҳаҷми боҷи давлатии ба буҷети дахлдор пардохтшаванда мутаносибан барои шахсони ба имтиёз ҳуқуқдошта кам карда мешавад ва дар ин ҳолат боҷи давлатиро як шахс (якчанд шахс), ки ҳуқуқ ба имтиёз надорад (надоранд), мепардозад (мепардозанд).
  2. Боҷи давлатии ба буҷети давлати пардохташуда дар асоси қарори мақомоти молия, мувофиқи аризаи хаттии боҷсупоранда ва хулосаи мақомоти барои ситонидани боҷ ваколатдор баргардонида мешавад.
  3. Боҷи давлатие, ки баргардонида мешавад, бояд ба шахси ҳуқуқи ё воқеи дар муддати даҳ рӯз аз рӯзи қабули қарор дар бораи баргардонидани он аз ҷониби мақомоти дахлдори молияви дода шавад.

Моддаи 7. Чораҳои ҷавобгари барои супорандагони боҷи давлатӣ ва назорат оиди дуруст ҳисоб кардани он

Супорандагони боҷи давлати ва мақомоти ваколатдоре, ки боҷи давлатиро меситонанд, барои нодуруст ҳисоб кардан ва ба буҷет нагузаронидани мабла(ҳои боҷи давлати мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 8. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ”

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 1992 “Дар бораи боҷи давлати” (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1992, №2, м.26; с.1993, №9-10, м.138; с.1993, №23-24, м.532, Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1997, №9, м.117; с.1997, №23-24, м.333; с. 2002, №4 қ.1,м.182; с. 2003, №4, м.147 ) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 9. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 28 феврали соли 2004 № 19