23 Ноябр, 2024

Муҳокимаи афзалияти шиноснома ва таърихи шиносномадорӣ

 

Ба муносибати Рӯзи ҷорӣ шудани низоми ягонаи шиносномадорӣ, ки 27 декабри 1932 санаи тақвимии он аст, дар толори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ҷамъомади тантанавӣ ва конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Саҳми хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар хизматрасонӣ ба мардум» баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо иштироки сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич, роҳбарият ва ҳайати шахсии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии дастгоҳи раёсат, сардорони хадамотҳои шиносномавии шуъбаҳои ВКД, собиқадорони соҳа, омӯзгорони факултети №4-уми Академияи ВКД ҷараён гирифт. Сардори хадамот полковники милитсия Ҳайдарзода Бахтиёр Ҷаббор чорабинии ҷашниро оғоз бахшида, ҳадафи онро таҷлил аз рӯзи касбӣ, қадришиносии хизматҳои арзандаи ҳайати шахсӣ дар иҷрои рисолати хизматӣ, муқоисаи вазъи кунунии хизматрасонӣ бо гузаштаи таърихӣ, омӯзиши таҷрибаи собиқадорон ва баланд намудани малакаи касбии ҳайати шахсӣ унвон кард.

Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов бо маърӯзаи табрикотӣ баромад намуда, аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро кормандони хадамотро таҳният ва дар иҷрои рисолати касбӣ ва хизмат ба халқ, соҳибҳуҷҷат гардонидан, баланд намудани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобаста ба риояи реҷаи шиносномадорӣ, бақайдгирӣ ва назорати буду боши шаҳрвандон комёбии хизматӣ таманно намуд. Таъкид гардид, ки шиноснома ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шахсият ва шаҳрвандӣ мебошад, ки заминаи ҳуҷҷатгузориро гузошта дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ мавқеъи ҳалкунанда дорад. Аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки ҳангоми таҳияи шиноснома ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ аҳамият дода, анъанаҳои миллии номгузорӣ риоя шавад. Ҳайати шахсӣ кӯшиш намоянд, ки саривақт муроҷиати аҳолиро қабул ва барои соҳибшиноснома гаштани шаҳрвандон мусоидат намоянд.53

Ба фаъолияти намунавӣ, масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматии ҳайати шахсӣ таваҷҷӯҳ карда шуда, кормандони фаъоли хадамот бо Сипоснома ва Ифтихорномаҳои сардори Раёсат ва собиқадорони соҳа бо Сипоснома ва туҳфаҳои пулӣ қадршиносӣ шуданд.

Дар асоси барномаи чорабинӣ қисмати илмии ҷамъомад дар ихтиёри омӯзгорони факултети чоруми Академияи ВКД қарор гирифт. Таърихи пайдоиши аввалин паспорт, намуду намунаҳои он, афкори назариявӣ-ҳуқуқӣ оид ба шаҳрвандӣ, вазъи ҳуқуқии шахсони бетабаа ва шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз сарчашмаҳои илман асоснокро маърузачиён баён доштанд.

Иттилои назариявӣ, ҷаҳонбинӣ ва маълумотнокии аҳли нишастро боз ҳам васеъ намуд.

Ҳамчунин собиқадорони соҳа аз таҷрибаи кории худ вобаста ба таҳияи шиноснома дар солҳои аввалини соҳибистиқлолӣ, ҷараёни ивазнамоии шиноснома бо намунаҳои нав гуфта, насли ҷавонро ба хизмати содиқона ҳидоят намуданд.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия