23 Ноябр, 2024

Ташрифи Комиссарии Олии СММ ба макони зисти муваққатии гурезаҳо ва паноҳҷуяндагон

Ҳафтаи гузашта, Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо ҷаноби Филиппо Гранди ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварда, бо шароити зисту зиндагии гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда аз наздик шиносоӣ пайдо намуд.

Меҳмононро роҳбарони ХШБ ва РҲБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ намуда, дар доираи он бо гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда сӯҳбати самимӣ анҷом дода шуд.

Қайд карда шуд, ки Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиши худро баҳри ҳалли мушкилоти гурезаҳо равона хоҳад намуд.