23 Ноябр, 2024

Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои СААД

Санаи 10 марти соли 2022 дар шакли маҷозӣ ҷаласаи Шўрои ҳамоҳангсозии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) таҳти унвони шартии “Нелегал” гузаронида шуд.

Дар ҷаласа муовини дабири кулли СААД Семериков В. ва намояндагони сохторҳои дахлдори давлатҳои аъзои СААД иштирок намуданд.

Аз ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи мазкур сардори ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Халилзода Ҳ.С. иштирок ва баромад намуданд.

 

Ҷаласаро сардори Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД Федератсияи Россия Казакова В.Л. барандагӣ намуд.

Дар ҷаласаи мазкур, инчунин Нақшаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-профилактикии муштарак ва амалиётҳои махсус доир ба муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунии “Нелегал-2022” дар ду марҳила баррасӣ карда шуд.