22 Ноябр, 2024

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба иди касбии «Рӯзи милитсия»

 

8-уми ноябри соли 2024 ба муносибати ҷашни «Рӯзи милитсияи тоҷик» дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии хадамот ҷаласаи тантанавӣ баргузор карда шуд.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Мирзозода Ҷомӣ Ҷамахон оғоз бахшида, ҳайати шахсии хадамот ва дар симои онҳо тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилиро бо ҷашни касбии «Рӯзи милитсияи тоҷик» табрик намуда, ба онҳо саодатмандии комил, тансиҳатӣ, умри дарози бобаракат, хушбахтии оилавӣ ва дар иҷрои вазифаҳои хизматиатон барору комёбиҳо таманно намуд.

Номбурда зимни суханрониаш қайд намуд, ки маҳз бо туфайли заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандони милитсия осудагию суботи кишвар ва тинҷиву амнияти шаҳрвандон таъмин гашта, фазои мусоиди рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ фароҳам оварда шудааст.

Ҳайати шахсии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Президенти кишварамон оид ба таъмин намудани волоияти қонун, тартибу низом, оромию осудагӣ ва сулҳу ваҳдат, дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ тамоми чораҳоро андешида истода, баҳри ҳимояи амнияти давлатдорӣ ва манфиатҳои миллӣ, вазифаҳои хизматии худро дар назди халқу Ватан бо салоҳияти касбӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ, худогоҳиву масъулиятшиносӣ иҷро менамояд.

Дар идомаи чорабинӣ як қатор кормандони дастгоҳи марказии хадамот, аз ҷумла подполковники милитсия Моҳира Оданамадзода, подполковники милитсия Парвина Шукурӣ, майори милитсия Сорбон Қурбонзода, сержанти калони милитсия Фаридун Ҳасанзода бахшида ба таҷлили иди касбии «Рӯзи милитсия» суханронӣ намуда, таманниёти неки худро баён намуданд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ барои хизматҳои содиқонаю софдилона, интизоми намунавӣ ва натиҷаҳои хуби корӣ ба кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва воҳидҳои поёнии он, ки бо фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медалу нишонҳои сарисинагӣ, ифтихорномаи фахрӣ, сипоснома ва раҳматномаҳо мукофотонида шуда буданд, аз ҷониби сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар фазои тантанавӣ супорида шуданд.

Ҳамчунин, бахшида ба ҷашни касбӣ як зумра кормандон бо мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Расми хотиравӣ чорабинии идонаро ҳусни анҷом пазируфт.

Х. Солиҳӣ