Дар асоси нақшаи баргузории суҳбату вохӯриҳои кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, №668 Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 санаи 18-уми октябри соли ҷорӣ вохӯрии навбатии намояндагони ин ниҳод бо роҳбарият ва ҳайати шахсии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.
Дар чорабинӣ сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентӣ, майори адлия Акрамзода Ёсуман Абдуҳалим баромад намуда, фикру мулоҳизаҳои худро доир ба коррупсия ва нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб суханронӣ намуд.
Қайд гардид, ки Ҳукумати кишвар ба масъалаи баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои давлатӣ ба шаҳрвандон диққати хоса зоҳир намуда, гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдии хизматрасониҳо ва муомилаю муносибати хуб бо шаҳрвандон ба пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидат хоҳад намуд.
Аз иштирокчиёни ҷамъомад даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамчун кормандони яке аз субъектҳои мубориза ва муқовимат бо коррупсия баҳри паст кардани омилҳои коррупсия дар ҷомеа саъю талош намуда, дар рушду пешрафт ва ободони кишвари азизамон саҳмгузор бошанд.
Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои ошкоро ва суҳбати озод сурат гирифта, дар байни баромадкунанда ва иштирокчиён саволу ҷавоб сурат гирифт. Иштирокчиён ба саволҳои худ посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Х. Солиҳӣ