22 Ноябр, 2024

Корҳои ободонӣ дар хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии вилояти Суғд

 

Дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлату Ҳукумати кишвар ба муносибати таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари ҷумҳурӣ корҳои ободонӣ, таъмиру азнавсозӣ, кабудизоркунию гулшинонӣ бо маром идома дорад.

Ҳафтаи сипаригардида дар хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои Бустон, Б.Ғафуров, Мастчоҳ ва Хуҷанди вилояти Суғд чунин корҳои таъмирию рангубори намуди беруна, дару деворҳои гирду атроф ва коркарди заминҳои вобастагардида анҷом дода шуданд.

Ҳайати шахсии воҳидҳои зикргардида ба ташкили чорабиниҳои дастаҷамъонаи «шанбегӣ» камари ҳиммат баста, дар баробари саҳм гузоштан дар корҳои таъмирию азнавсозӣ, қитъаҳои замини вобастабударо коркард намуда, дар он гулу гулбуттаҳои ороишӣ шинониданд, ҳуҷраҳои корӣ, иншооти маишӣ, дохил ва гирду атрофи биноҳои коргоҳро тозаву зебо гардонданд.

Чунин иқдоми бунёдкорона дар тамоми хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии вилояти Суғд роҳандозӣ гардидааст.

Х. Солиҳӣ