18 Октябрь, 2024

Чорабинии маърифатӣ-омӯзишӣ бахшида ба «Рӯзи гурезаҳо»

 

Ҳамасола 20-уми июн ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии гурезаҳо ҷашн гирифта мешавад. Санаи мазкур аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 4 декабри соли 2000 эълон шудааст.

Ба ин муносибат, 29 июни соли 2024 аз ҷониби Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» чорабинии маърифатӣ-омӯзишӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани дониши ҳуқуқии шахсони паноҳҷуянда ва гурезаҳо» доир карда шуд.

Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, намояндагони Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, сардорони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, бахусус шаҳру ноҳияҳое, ки шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо дар онҷо бештар иқомат доранд, иштирок доштанд. Ҳамчунин дар чорабинӣ намояндагони гурезаҳое, ки дар шаҳри Ваҳдат зиндагонӣ мекунанд, даъват шуда буданд.

Доир ба мавзӯҳои ҷамъомад муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Боймаҳмад Раҷабзода, намояндагони РКО СММ оид ба гурезаҳо Хусрав Холов, ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» Инобат Мустафоқулова ва мутахассисони соҳа баромад намуданд.

Дар ҷараёни баргузории чорабинии маърифатӣ масъалаҳои мубраме, ки дар кору фаъолияти шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо ҳамарӯза вомехӯранд, аз ҷумла талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи самти гурезаҳои кишвари будубош мавриди омӯзиш ва ташреҳ қарор гирифтанд. Ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта аз ҷониби мутахассисони соҳа тавсияҳои муфид дода шуданд.

Аз натиҷаи чорабинӣ баҳри ҳалли минбаъдаи масъалаҳои ҷойдошта қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

 Х.Солиҳӣ