18 Октябрь, 2024

Баргузории марҳилаи аввали амалиёти Нелегал-2024

 

Бо мақсади пешгирии вайрон кардани қоидаҳои будубош ва фаъолияти меҳнатии ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ, муайян намудани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, пешгирии дигар ҳуқуқвайронкунию қонуншиканӣ ва содир намудани ҷиноятҳо дар байни шаҳрвандони хориҷӣ аз 3-юм то 9-уми июни соли 2024 дар тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи 1-уми амалиёт бо унвони рамзии “Нелегал-Трафик” роҳандозӣ карда шуд.

Амалиёти мазкур тибқи Нақшаи гузаронидани амалиёти минтақавии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оид ба муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ «Нелегал-2024» доир карда шуда, дар он кормандони сохторҳои масъули Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғи аҳолии кишвар сафарбар карда шуданд.

Гурўҳҳои корӣ ба маҳалҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, хонаҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо, корхонаву ташкилот ва дигар иншоот сафарбар гардида, пеш аз ҳама ба қонунӣ будани кору фаъолият ва зисту зиндагонии онҳо таваҷҷуҳ менамоянд. Ҳамзамон, кормандон бо шаҳрвандони хориҷӣ бо хушмуомилагию ахлоқу одоби баланди касбӣ муносибати худро ба роҳ монданд.

Амалиёти мазкур дар тамоми манотиқи кишвар – шаҳри Душанбе, вилоятҳои Мухтори Кўҳистони Бадаҳшон, Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаи Рашт гузаронида шуданд.

Ҳангоми баргузории чорабиниҳои оперативӣ-профилактикӣ ва амалиётҳои санҷишӣ ба муҳлати раводид, бақайдгирии шиносномаҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва ҳуҷҷатҳои шахсони бешаҳрванд дар мақомоти корҳои дохилӣ, доштан ва ё надоштани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунӣ будани истиқомати доимӣ ё муваққатӣ, риояи қонунҳои амалкунанда ва санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, диққати асосӣ равон карда шуд.

Дар натиҷаи роҳандозии амалиёти мазкур барои вайрон намудани қоидаҳои будубош, бақайдгирӣ ва риоя нагардидани талаботи вуруду  хуруҷ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати беш аз 80 нафар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд.