Дар асоси нақша-чорабиниҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар тамоми вилоят, минтақа ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои маориф ва мактабҳо марҳила ба марҳила чорабиниҳои ба таври тантанавӣ ва дастаҷамъона супоридани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, ки ба синни 16 расидаанд, баргузор гардида истодааст.
Чорабинии навбатии тантанавӣ рӯзи 2-юми май дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ба номи В.В. Терешковаи шаҳри Ваҳдат доир карда шуд, ки дар ин рӯз ба 20 нафар хонандагон масъулин тантанавор шиноснома супориданд.
Дар оғоз муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ подполковники милитсия Раҷабмоҳ Раҳмонализода баромад намуда, нахуст иштирокчиёнро бахшида «23-май – Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» табрик гуфта, дар таҳсилу касби ояндаи интихобнамудаашон барору муваффақиятҳои беназир таманно намуд.
Қайд гардид, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳои дастаҷамъона баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба рукнҳои давлатдорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Дар баргузории чорабинии мазкур сардори шуъбаи кор бо шиносномаи ХШБ ВКД подполковники милитсия Сураё Шамсуддинзода, сарнозири шуъбаи таҳлилӣ-назоратӣ ва ҳуқуқии Хадамот подполковники милитсия Ҷамила Зиёбекзода ва сардори ХШБ ШВКД дар шаҳри Ваҳдат подполковники милитсия Мансур Зокирзода саҳми босазои худро гузоштанд.
Х.Солиҳӣ