Таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки синнашон ба 16 сол расидааст бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як ҷониб агар аз шаҳрванди комилҳуқуқи кишвар эътироф гардидани наврасро шаҳодат диҳад, аз ҷониби дигар василаест, ки дар баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, меҳри ватандўстӣ ва худшиносии миллӣ нақши калидӣ мебозад. Зеро шиносномаи миллӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва ё берун аз он буда, ҳатто дар хориҷи кишвар мутобиқи созишномаҳои байналмилалӣ таҳти ҳимояи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мегирад.
Бо назардошти муҳимияти ин масъала бо супориши сардори Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон генерал-майори милитсия Шафизода Рустам Исмоил аз ҷониби Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва сохторҳои поёнии он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят як қатор чорабинию вохуриҳо ташкил карда шуд.
Кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Бадахшон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақаҳои хизматӣ сафарбар карда шуда, аз рўи тартиботи ҷорӣ барои омода намудани шиносномаи миллӣ вобаста гардида буданд.
Баъди омода ва дастрас гардидани шиносномаҳо, кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ шиносномаҳоро ба хонандагони ин мактабҳо ба таври тантанавӣ тақдим намуданд.
Чунин иқдому ғамхориҳои роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ нисбат ба насли наврасу ҷавонон дар тамоми минтақа дар сатҳи баланд роҳандозӣ гардид, ки хонандагон метавонанд, баъди хатм барои давом додани таҳсили минбаъда дар муассисаҳои олии кишвар ва хориҷ равона шаванд.
Мавриди зикр аст, ки ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 16 солагӣ расидааст ва дар ҷумҳурӣ иқомат мекунад, уҳдадор аст, ки шиносномаи шаҳрвандӣ дошта бошад. Шиносномаи намунаи соли 2014 ҳуҷҷатест, ки аз ҷониби дастгоҳи махсуси дорои маълумоти электронӣ омода карда шуда, мутобиқ ва ҷавобгў ба стандартҳои баналмиллалӣ мебошад.
Бояд қайд намуд, ки дар 129 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ чунин чорабиниҳо гузаронида шуда, маҷмӯан дар 4 моҳи соли равон 1368 нафар хонандагони синфҳои 10 ва 11-уми муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии ВМКБ бо шиносномаҳои нави миллӣ, яъне корти идентификатсионӣ таъмин гардиданд.
Дар ҷавоб ба чунин иқдоми милитсияи Бадахшон роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва омўзгорону волидони хонандагон ба кормандони милитсия изҳори минатдорӣ баён намуданд.