Дар моҳи апрели соли 2024 аз ҷониби хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар шаҳри Кўлоб дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 22, 28, 34-и шаҳри мазкур бо иштироки омўзгорон, хонандагон ва волидони онҳо дар фазои тантанавӣ ба хонандагоне, ки ба синни 16 расидаанд, шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.
«Ба шахсоне, ки соҳиби шиноснома мегарданд, рўзи муҳиму хотирмон буда, қадамҳои аввалин ба зиндагии мустақилонаи онҳо ҳисоб меёбад. Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳои тантанавӣ ифтихор аз ватандорӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва интихоби дурусти роҳи ояндаи дурахшон мебошад» – қайд намуд, зимни суханрониҳояш сардори ХШБ ШВКД дар шаҳри Кўлоб майори милитсия Шарифзода Абдуҷаббор Ислом.
Дар ин рўзҳо аз дасти кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ беш аз 60 нафар хонандагони синфҳои 10 ва 11 шиснонома гирифтанд.