Дар заминаи дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи баромади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 9 марти соли 2024 бо аҳли ҷамоатчигӣ ва ходимони дин баргузор гардид, 18 апрели соли ҷорӣ дар деҳаи Лавоваи ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб вохӯрии сардори Хадамоти шиносномавию байқайдгирии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб майори милитсия Шарифзода Абдуҷаббор дар якҷоягӣ бо масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бо сокинони деҳаи мазкур сурат гирифт.
Зимни вохӯрӣ баромадкунандагон дар байни шаҳрвандон доир ба пешгирии ифротгароӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, ҷалби фарзандон ба андӯхтани илмҳои замон, касбомӯзӣ, оид ба дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сари вақт гирифтани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъулин ба саволҳои дахлдори шаҳрвандон посухҳои қонеъкунанда гардониданд.
Х. Солиҳӣ