12 Октябрь, 2024

Дарси хизматӣ доир ба мавзӯи коррупсия

 

Санаи 5 апрели соли 2024 дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бо даъвати мутахассиси соҳа ва иштироки ҳайати шахсии Хадамот дарси хизматӣ дар мавзӯи “Сабабу омилҳо ва шароитҳои содиршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта” доир карда шуд.

Яке аз кормандони таҷрибадори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини сардори Раёсати тафтишотии он подполковники адлия Маъруф Қосимзода дар доираи мавзӯи зикршуда оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти муқовимат ба коррупсия баромад намуда, ба ҳайати шахсӣ мазмуну мафҳумҳои асосии баъзе аз муқаррароти қонунгузорӣ, хавфҳои коррупсионӣ, ҳуқуқвайронкуниҳои бо коррупсия алоқаманд ва дигар масоили марбут ба муборизаю муқовимат бар зидди коррупсия изҳори андеша намуд.

Қайд карда шуд, ки коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар як кишвар монеа эҷод намуда, хавфи аз ҳама калон – нобоварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ ба бор меорад.

Намояндаи Агентӣ барои шарҳи бештари мафҳумҳои мавзўи ҷамъомад, аз таҷрибаи корӣ низ мисолҳо оварда, оқибатҳои ногувори даст задан ба ин кирдори номатлубро баён намуд.

Таъкид гардид, ки мубориза ва муқовимат бо коррупсия амали дастаҷамъона буда, на танҳо вазифаи мақомоти ваколатдори давлатӣ, балки ҳар як шаҳрванд баҳри ободию рушди кишвар дар ин раванд бояд саҳмгузор бошад.

Дар интиҳои дарси хизматӣ баромадкунанда ба саволҳои вобаста ба мавзӯи дарсии кормандон посух гардонд.

Х. Солиҳӣ