Шароити зарурии хизматрасонӣ барои таҳияи шиноснома дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар ш. Истаравшан имконият фароҳам овардааст, ки талаботи шаҳрвандон саривақт барои гирифтани ҳуҷҷати асосии муайянкунандаи шахсият ва шаҳрвандӣ таъмин бошад. Дар хадамоти мазкур ҳар як муроҷиат бо тартиби қонунгузорӣ ба расмият дароварда шуда дар муҳлатҳои муқаррашуда шиноснома ба сохибаш дастрас мешавад.
Таъмини наврасони ба синни шиносномагири расида бо ҳуҷҷати асосӣ аз ҷумлаи коргузориҳои масъулин мебошад.
Дар шаҳри Истаравшан давоми соли хониши 2023-2024 ба 674 нафар хонандаи мактаб бо ташкили чорабиниҳои тантанавӣ шиноснома супорида шудааст. Вохӯри бо хонандагони ба синни шиносномагири расида ва дар хусуси низоми шиносномадорӣ маълумотнок кардани онҳоро метавон натиҷаи расидан ба ин дараҷа унвон кард. Ҳамзамон ташкили чорабиниҳои танатанавии шиносномасупорӣ ҳавасмандии хонандагонро барои саривақт гирифтани шиноснома бештар намудааст.
Чорабинии навбатии шиносномасупории ботантанаро масъулини ХШБ ШВКД дар шаҳри Истаравшан ҳафтаи равон дар МТМУ №7 ба номи М. Ҳабибови деҳаи Қалъачаи Калони минтақаи хизматӣ баргузор намуда 25 нафар навраси ба синни 16 солагӣ расидаро, ки қаблан ба хадамот оиди гирифтани шиноснома муроҷиат карда буданд бо шиноснома таъмин намуданд. Чорабинии мазкур бо иштироки намояндаи ХШБ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, роҳбарият ва ҳайати шахсии ХШБ ШВКД дар шаҳри Истаравшан, намояндаи раёсати маорифи шаҳри Истаравшан, омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоии муассисаи таълимӣ доир гашт.
Тарзи дурусти ҳифзи шиноснома ва истифодаи он, риояи реҷаи муқарраршудаи шиносномадорӣ ва дигар паҳлуҳо вобаста ба шиносномаро зимни чорабинӣ намояндаи ХШБ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд подполковники милитсия Азиз Икромзода ва сардори ХШБ ШВКД дар шаҳри Истаравшан подполковники милитсия Искандар Фозилзода ба хонандагон фаҳмонида, иштиркчиёни ҷамъомади тантанавиро ба интихоби тарзи ҳаёти солим, масъулиятшиносӣ, саҳмгузорӣ дар пешрафту ободии Ватан ҳидоят намуданд.
Тавре таъкид гардид хонандагон бо усулҳои соддакардашуда бе ҷалби волидон бо шиноснома таъмин карда шуданд ва таҷрибаи мазкур соли чорум аст, ки амалӣ карда мешавад. Танҳо зимни барасмиятдарории раванди шиносномагирӣ хонандагон бо роҳбаладии омӯзгор ба таври гуруҳӣ ба ХШБ ҳозир мешаванд ва баъди таҳия гардидани шиноснома кормандони хадамот шахсан шиносномаҳоро ба муассисаҳои таълимӣ дастрас ва дар вазъияти тантанавӣ ба соҳибонаш месупоранд.
Албатта чунин намуди коргузорӣ дар баробари баланд намудани маърифати ҳуқуқии наврасон сабукие барои сокинони деҳоти дурдаст мебошад.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия