20 Апрел, 2024

Ба таври тантанавӣ супоридани шиноснома ба мактаббачаҳои минтақаи Кўлоб

 

Тайи рўзҳои охир аз ҷониби хадамоти шиносномавию бақайдгирии Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурўҳи ноҳияҳои Кўлоб баргузории чорабиниҳои дастаҷамъона супоридани шиноснома ба хонандагону хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ идома доштанд.

Кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии минтақа дар якҷоягӣ бо шуъбаю бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои ба таври тантанавӣ супоридани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланд ташкил намуда, дар умум ба зиёда аз 100 нафар мактаббачагони ба синни 16 расида бори аввал ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шахсият супориданд.

Тибқи дастури Вазири корҳои дохилӣ ва нақшаи чорабиниҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ чунин чорабиниҳои ботантана аллакай дар чандин муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Муъминобод, Фархор, Ҳамадонӣ, Ш.Шоҳин доир карда шуда, ин иқдом идома дорад.