20 Апрел, 2024

Ваҳдат: Ҷамъомадҳои шиносномасупорӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ

 

Ҷиҳати саҳм гузоштан дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, махсусан ҷавонону наврасон кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар шаҳри Ваҳдат мунтазам ба муассисаҳои таҳсилотӣ ва омўзишгоҳҳои касбӣ-техникии ҳудуди шаҳр ташриф оварда, бо хонандагону хатмкунандагон вохӯриҳои судманду чорабиниҳои таблиғотӣ мегузаронанд.

Зимни ин ҷамъомадҳо ба хонандагони ба синни 16 расида ва хатмкунандагон ҳуҷҷати асосии муайянкунандаи шахсият – шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тантанавор супорида шуда, ба онҳо доир ба тарзи дурусти муносибат бо ин ҳуҷҷати муҳим, ҳисси ифтихордорӣ аз Ватани азиз ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ фаҳмонида мешавад.

Бояд қайд намуд, ки дар асоси дархости муассисаҳои таҳсилотӣ ва муроҷиати хонандагону хатмкунандагон хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ шиносномаҳоро сари вақт омода сохта, дастаҷамъона ва ботантана месупоранд. Ин иқдом боиси пешгирии навбатпоии зиёд дар арафаи ҳуҷҷатсупорӣ ба марказҳои тестӣ гашта, хатмкунандагон баҳри ҳалли масъалаҳои ҷойдошта аз намояндагони мақомоти давлатӣ маълумоти зарурии худро гирифта метавонанд.

Санаи 15-уми феврали соли 2024 кормандони ХШБ ШВКД дар шаҳри Ваҳдат дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71 чунин як ҷамъомади ботантана гузарониданд. Дар ин чорабинӣ ба 20 нафар хатмкунандагону хонандагон дар фазои тантанавӣ шиноснома супорида шуд.

Қобили зикр аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо ин натиљаи ҳамкориҳои байнииидоравӣ, махсусан байни хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ ва бахшҳои маориф ва илм, кор бо ҷавонон ва варзиш буда, ин иқдомҳо баҳри амалигардонии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самтҳои дахлдор боз ҳам тақвият ёфта истодаанд.

Хисрав Солиҳӣ