НАРХНОМАИ боҷи давлатӣ ва хизматрасониҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Намудҳои хизматрасониҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ | Пардохт барои шиноснома | Боҷи давлатӣ | Хизматрасонии ХШБ ВКД ҶТ | ||
Барои додани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ (биометрӣ) | Оддӣ (15 рӯзи корӣ) | 75 $ ИМА | 108 сомонӣ | 40 сомонӣ | |
Таъҷилӣ (7 рӯзи корӣ) | 150 $ ИМА | 108 сомонӣ | 40 сомонӣ | ||
Фаврӣ (3 рӯзи корӣ) | 225 $ ИМА | 108 сомонӣ | 40 сомонӣ | ||
Барои додани шиносномаи хориҷӣ (биометрӣ) ба шахсони то синни 16 | Оддӣ (15 рӯзи корӣ) | 25 $ ИМА | 40 сомонӣ | ||
Таъчилӣ (7 рӯзи корӣ) | 50 $ ИМА | 40 сомонӣ | |||
Фаврӣ (3 рӯзи корӣ) | 75 $ ИМА | 40 сомонӣ | |||
Барои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (шиносномаи шаҳрвандӣ) | 10 $ ИМА | ||||
Барои бақайдгирӣ ва дарозкунии муҳлати қайди шаҳрвандони хориҷӣ | то 3 моҳ | 72 сомонӣ | 100 сомонӣ | ||
аз 3 то 1 сол | 72 сомонӣ | 190 сомонӣ | |||
Барои бақайдгирй ва дарозкунии муҳлати қайди шаҳрвандони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки бо онҳо рафтуомади бераводид муқаррар шудааст |
то 3 моҳ | 72 сомонӣ | 50 сомонӣ | ||
аз 3 то 1 сол | 72 сомонӣ | 90 сомонӣ | |||
Барои бақайдгирӣ ва дарозкунии муҳлати қайди донишҷўёни хориҷӣ (таҳсили рўзона) | то 3 моҳ | 72 сомонӣ | 50 сомонӣ | ||
аз 3 то 1 сол | 72 сомонӣ | 90 сомонӣ | |||
Барои бақайдгирӣ ва дарозкунии муҳлати қайди гурезагон | 72 сомонӣ | ||||
Барои додани огоҳиномаи (даъватномаи) шаҳрвандони хориҷӣ | 72 сомонӣ | 40 сомонӣ | |||
Барои додани рухсатномаи воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ ба минтаќаи сарҳадӣ наздисарҳадӣ | 20 сомонӣ | ||||
Барои додани маълумотномаи бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ ба шаҳрвандон ва вазорату идораҳо | 10 сомонӣ 15 сомонӣ | ||||
15 сомонӣ | |||||
Барои баррасии маводҳо оид ба муайянкунии мансубият ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон | 144 сомонӣ | 10 сомонӣ | |||
Барои баррасии маводҳо оид ба қабул ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баромад аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон | 144 сомонӣ | 30 сомонӣ | |||
Барои додани китобҳои ҳавлигӣ | 25 сомонӣ | ||||
Барои бақайдгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон | 18 сомонӣ | ||||
Барои додани варақаи бақайдгирии муваққатии шаҳрвандони Тоҷикистон | 20 сомонӣ | ||||
Барои додани санади зист ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ва тамдид намудани муҳлати он | 144 сомонӣ | 800 сомонӣ | |||
тамдид | 400 сомонӣ | ||||
Барои додани шаҳодатномаи силсилаи «А» ба шахсони бешаҳрванд ва тамдид намудани муҳлати он | 800 сомонӣ | ||||
400 сомонӣ |
Нархномаи мазкур дар асоси санадҳои зерин муайян шудааст:
– бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.11 соли 2007, №546 хироҷи консулӣ барои шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии дорои маълумоти электронӣ – 75 доллар муайян шудааст, (дар асоси банди 46 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.05 соли 2020, №294 барои таъҷилӣ тайёр намудани шиносномаи хориҷӣ дар муҳлати 7 рўз (100%) ва дар муҳлати 3 рўз (200%) ҳаҷми пардохт меафзояд;
– андозаи боҷи давлатӣ – якунимкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.02 соли 2004 таҳти №19 “Дар бораи боҷи давлатӣ” муқаррар шудааст (дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2023 таҳти №2012 андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо 72 сомонӣ муайян шудааст);
– Фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №400 б/з аз 05.06.2013 сол Дар бораи тасдиқи Нархнома «Оид ба хизматрасониҳои пулакие, ки аз ҷониби Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он расонида мешаванд»;
– қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.05 соли 2014, №336 «Дар бораи муқаррар намудани ҳаҷми хироҷ барои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хароҷоти маблағҳои дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» (нархи бланкаи шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 10 доллари ИМА бо пардохти асъори миллӣ муқаррар карда шудааст).