08 Сентябрь, 2024

Ҷоизаи корманди ХШБ дар чорабинии варзишгарони беҳтарини соли 2023

 

29-уми декабр дар Вазорати корҳои дохилӣ маросими ҷоизасупории варзишгарони беҳтарини соли 2023 баргузор гардид.

Дар қатори дигар варзишгарони беҳтарини соли Вазорати корҳои дохилӣ «Беҳтарин варзишгари собиқадор оид ба намуди футболи хурд» дарвозабони дастаи собиқадорони «Динамо»-и ВКД  Умарали Раҳимов дониста шуд.

Подполковники милитсия Умарали Раҳимов, ки дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба ҳайси нозири калони шуъба оид ба кори шиносномавӣ солҳои зиёд кору фаъолият менамояд, ҳамзамон тайи ин солҳо дар дастаи футболи «Динамо» ҳунари баланд нишон дода, дар пешрафти ғалабаҳои бешумори ин дастаи овозадор саҳми худро мегузорад.

Мукофотҳоро муовини вазири корҳои дохилӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Нозим Иброҳимзода супорида, ба варзишгарони мақомот дар ҷодаи варзиш бурдборию муваффақиятҳои навбат ба нав таманно намуд.