23 Ноябр, 2024

Шиноснома ва афзалияти он ҳамчун ҳуҷҷат

 

Шуруъ аз 27-уми декабри соли 1932 рӯзи ҷорӣ шудани низоми ягонаи шиносномавӣ дар ҷумҳурӣ мебошад, ки ҳамчун Рӯзи касбии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ шинохта шудааст. Ба муносибати рӯзи ҷорӣ шудани низоми ягонаи шиносномавӣ дар толори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ҷамъомади тантанавӣ ва конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Таърихи шиносномадорӣ ва афзалияти он ҳамчун ҳуҷҷат» баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо иштироки сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич, роҳбарият ва ҳайати шахсии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии дастгоҳи Раёсат, сардорони хадамотҳои шиносномавии шуъбаҳои ВКД, собиқадорони соҳа, омӯзгорони факултети 4-уми Академияи ВКД ҷараён гирифт.

Сардори хадамот полковники милитсия Ҳайдарзода Бахтиёр Ҷаббор чорабинии ҷашниро оғоз бахшида, ҳадафи онро таҷлил аз рӯзи касбӣ, огоҳӣ ёфтан аз таърихи шиносномадорӣ, қадршиносии хизматҳои арзандаи ҳайати шахсӣ дар иҷрои рисолати хизматӣ, муқоисаи вазъи кунунии хизматрасонӣ бо гузаштаи таърихӣ, омӯзиши таҷрибаи собиқадорон ва баланд намудани малаки касбии ҳайати шахсӣ унвон кард.

Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов бо маърузаи табрикотӣ баромад намуда, аз номи роҳбарияти вазорат кормандони хадамотро таҳният ва дар иҷрои рисолати касбӣ ва хизмат ба халқ, соҳибҳуҷҷат гардонидан, баланд намудани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобаста ба риояи реҷаи шиносномадорӣ, бақайдгирӣ ва назорати буду боши шаҳрвандон комёбии хизматӣ таманно намуд. Таъкид гардид, ки шиноснома ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шахсият ва шаҳрвандӣ мебошад, ки заминаи ҳуҷҷатгузориро гузошта дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ мавқеъи ҳалкунанда дорад.

Дар рафти ҷамъомад ба фаъолияти намунавӣ, масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматии ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳ карда шуда, кормандони фаъоли хадамот бо Сипоснома ва Ифтихорномаҳои сардори Раёсат ва собиқадорони соҳа бо Сипонома ва туҳфаҳои пулӣ қадршиносӣ шуданд.

Дар қисмати илмии чорабинӣ сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети чоруми Академияи ВКД номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ полковники милитсия Ҳоҷибобо Зафар Муҳаммадзода дар мавзӯи «Таърихи шиноснома то давраи Истиқлолият ва баъди он» маърӯза намуда вобаста ба таърихи пайдоиши аввалин паспорт, намуду намунаҳои он, афкори назариявӣ – ҳуқуқӣ оид ба шаҳрвандӣ, вазъи ҳуқуқии шахсони бетабаа ва шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз сарчашмаҳои илман асоснок ба ҳозирин маълумот дод. Иттилои назариявӣ дар хусуси шиноснома дар ҳақиқат ҳуҷҷати асосии тасдиқкуннадаи шахсият ва мансубият ба шаҳрвандии давлат доштани дорандаи ӯро фаҳмонида ҷаҳонбинӣ ва маълумотнокии аҳли нишастро дар мавзуи мазкур боз ҳам васеъ намуд.

Ҳамчунин собиқадорони соҳа аз таҷрибаи кории худ вобаста ба таҳияи шиноснома дар солҳои аввалини соҳибистиқлолӣ, ҷараёни ивазнамоии шиноснома бо намунаҳои нав гуфта, насли ҷавонро ба хизмати содиқона ва хушмуомилагӣ ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ҳидоят намуданд.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия